Тоҷикистониёнро дар моҳи апрел чӣ гуна обуҳаво интизор аст?

Аввали моҳи апрел дар саросари Тоҷикистон боридани борон пешгӯӣ мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносӣ. Дар Душанбе аллакай аз пагоҳ, 1 апрел боридани борон оғоз мегардад. Рӯзона ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва борони кӯтоҳмуддат аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат 22-24 дараҷа гарм мешавад. Рӯзи 2 апрел дар пойтахт ҳавои бебориш дар назар аст, вале […]

Аввали моҳи апрел дар саросари Тоҷикистон боридани борон пешгӯӣ мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносӣ.

Дар Душанбе аллакай аз пагоҳ, 1 апрел боридани борон оғоз мегардад. Рӯзона ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва борони кӯтоҳмуддат аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат 22-24 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзи 2 апрел дар пойтахт ҳавои бебориш дар назар аст, вале алакай бо оғози ҳафтаи оянда – аз 3 апрел боз борон меборад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ аз 1 то 5 апрел ҳам дар водиҳо ва ҳам ноҳияҳои кӯҳӣ боронҳои кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 3000 метр барф) пешбинӣ шуда, ҳарорат ба мисли пойтахт хоҳад буд.

Дар вилояти Хатлон бо шумули шаҳри Бохтар рӯзҳои 1 ва 2 апрел дар умум боришот дар назар нест, лекин аз 3 апрел то нимаи ҳафта ҳам рӯзона ва ҳам шабона борон меборад. Ҳарорат рӯзона аз 21 то 26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд низ аз 3 апрел боронҳо оғоз гардида, ҳарорат 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ВМКБ боришот ба мисли Душанбе мешавад, яъне пагоҳ борон борида, рӯзи дигар қатъ мешавад. Рӯзҳои 3-5 апрел борон беист меборад.

Обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд, инчунин ғарби ВМКБ хатари фаромадани тармаҳо боқӣ мемонад.

Ба сурати умум, тибқи маълумоти обуҳавошиносон, моҳи апрел миқдори боришоти атмосферӣ дар Тоҷикистон дар ҳудуди меъёр дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.