Биноҳои обод гардад хароб… Маҷмааи Истиқлоли шаҳри Хуҷанд кай обод мешавад?

Маҷмаи таърихӣ – фарҳангии Истиқлол, ки дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд бунёд шудааст, 7 сол пеш ба истифода дода шуда буд ва имрӯз ҳоли хароб дорад. Ин маҷмаа 14-уми сентябри соли 2016 ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти кишвар ва бо иштироки роҳбари давлат ифтитоҳ шуда буд. Барои бунёди он 37 млн сомонӣ маблағ сарф шуда буд. […]

Asia-Plus

Маҷмаи таърихӣ – фарҳангии Истиқлол, ки дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд бунёд шудааст, 7 сол пеш ба истифода дода шуда буд ва имрӯз ҳоли хароб дорад.

Ин маҷмаа 14-уми сентябри соли 2016 ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти кишвар ва бо иштироки роҳбари давлат ифтитоҳ шуда буд. Барои бунёди он 37 млн сомонӣ маблағ сарф шуда буд.

Ин маҷмаа дар масоҳати 1 ҳазору 127 метри мураббаъ сохта шудааст ва баландии муҷассама 53 метр буда, дар он тоҷ ва ҳафт ситораи доирашакл давр мезанад. Дар баландии 21 метри он майдончаҳо барои тамошо сохта шудааст ва дорои лифтҳои махсус мебошад.

Дар таҳхонаи он толорҳои намоишӣ ва таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки дар он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҷойгир карда шудааст. Гузаргоҳҳои зеризаминӣ барои ба толори намоишӣ пайвастани сокинон пешбинӣ шудааст.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва пудратчиён ҶДММ “Хуҷандсохтмон-1”, ҶДММ “СМС”, ҶДММ “Каскад” ва ҶДММ “Стройкомплекс” мебошанд.

Вақте имрӯз, 31-уми март, аз ин маҷмаа дидан кардем, иншооти зоҳиран зебо роҳҳои зеризаминӣ ва деворҳои хароб дошт. Бо вуҷуди ҳавои офтобӣ будан, аз сақфи он об мечакид.

Вақте ду моҳ қабл, дар нишасти матбуотии ахир аз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоляти Суғд оид ба ҳолати ин бино суол кардем, посух дод, ки "дида мебароянд".

Ин моро водор кард, ки аз ин маҷмааи замоне зебо ва ҷашнӣ суратгузориш омода намоем, ки пешкаши хонандагон хоҳем кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.