Толибон эълон карданд, ки теъдоди артиши худро то 200 ҳазор сарбоз афзоиш медиҳанд

Теъдоди нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон, ки ба ҷунбиши тундрави Толибон* тобеанд, ба 200 ҳазор нафар расонида мешавад, гуфтааст Қорӣ Фасеҳуддин, раиси ситоди артиши Толибон. Дар ин бора шабакаи телевизионии TOLOnews хабар медиҳад. “Мо тасмим гирифтем, ки теъдоди артишро дар соли оянда аз 150 ҳазор ба 170 ҳазор ва тадриҷан ба 200 ҳазор ҳарбиён расонем”, – гуфтааст […]

Теъдоди нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон, ки ба ҷунбиши тундрави Толибон* тобеанд, ба 200 ҳазор нафар расонида мешавад, гуфтааст Қорӣ Фасеҳуддин, раиси ситоди артиши Толибон.

Дар ин бора шабакаи телевизионии TOLOnews хабар медиҳад.

“Мо тасмим гирифтем, ки теъдоди артишро дар соли оянда аз 150 ҳазор ба 170 ҳазор ва тадриҷан ба 200 ҳазор ҳарбиён расонем”, – гуфтааст Қорӣ Фасеҳуддин.

Дар замони ғасби қудрат дар Афғонистон дар нимаи моҳи августи соли 2021 теъдоди ҷангҷӯёни Толибон 100 ҳазор нафар тахмин зада мешуд.

Моҳи феврали соли 2022 намояндагони Толибон эълон доштанд, ки теъдоди ҷанҷӯёни худро ба 150 ҳазор нафар афзоиш медиҳанд.

Бояд гуфт, ки дар беш аз ду даҳаи гузашта, омӯзишҳои низомии артиши Афғонистон яке аз пурхазинатарин бахшҳо ба шумор мерафт. Аммо ба думболи суқути низоми пешин, артиши 350 ҳазор нафараи Афғонистон низ аз ҳам пошид.

Ёдовар мешавем, ки Афғонистон дар даҳаҳои пасин борҳо гувоҳи фурӯпошии артиш ва аз даст рафтани низоми ҳарбии худ будааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...