Тоҷикистон истеҳсоли пахтаро зиёд карда, содироти онро кам мекунад

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон дар майдони 25 ҳазор гектар пунбадона кишт шудаааст, ки каме бештар аз 13%-и нақшаро ташкил медиҳад. Имсол дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 186 ҳазор гектар 426 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст овардан мехоҳанд. Дар ҳамин ҳол, дар баробари афзоиши истеҳсоли пахтаи хом, мақомот ният доранд, ки содироти нахро 17 […]

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон дар майдони 25 ҳазор гектар пунбадона кишт шудаааст, ки каме бештар аз 13%-и нақшаро ташкил медиҳад. Имсол дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 186 ҳазор гектар 426 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст овардан мехоҳанд.

Дар ҳамин ҳол, дар баробари афзоиши истеҳсоли пахтаи хом, мақомот ният доранд, ки содироти нахро 17 дарсад коҳиш диҳанд.

Ин маънои онро дорад, ки аз ҳисоби афзоиши коркарди пахта, дар ҷумҳурӣ бештар корхонаҳо таъсис ёфта, ҷойҳои кории зиёд фароҳам оварда мешавад.

Қаблан зикр гардида буд, ки айни замон дар корхонаҳои саноати сабуки Тоҷикистон ҳамагӣ аз панҷ як ҳиссаи нахи пахтаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда коркард мешавад.

Аввали соли равон Вазорати кишоварзии ҷумҳрӣ пахтаро яке аз маҳсулоти кишоварзии афзалиятнок дар соли 2023 номбар кард.

Дар Тоҷикистон асосан ду навъи пахта – маъмулӣ ва маҳиннах парвариш мешавад, ки нахи онҳо аз 30 то 40 фоизро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти сохторҳои бахши иқтисодии кишвар, дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 100 корхонаи коркарди пахта амал мекунанд, ки дар онҳо беш аз 100 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мешавад. Аз ин миқдор ҳамагӣ ҳудуди 20 ҳазор тоннаи он дар корхонаҳои нассоҷии кишвар истифода мешавад.

Тибқи маълумоти ifcmarkets.com, нархҳои ҷаҳонӣ ба пахта дар ҳудуди 80-86 доллар ббарои 100 фунт (45,36 кг) нигоҳ дошта мешаванд. Яъне 1 кило пахта тақрибан 1,8 доллар нарх дорад, аммо тибқи пешгӯии коршиносон, то тобистон он бояд то 2,2 доллар боло равад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.