Эълони ҷолибтарин шаҳру навоҳии Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар бораи вуруди сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар зарфи 9 моҳи соли равон байни минтақа, инчунин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ маълумот нашр кард. Дар миёни минтақаҳо барои сармоягузорони хориҷӣ тавре ки пешбинӣ мешуд, ҷолибтарин минтақаи Суғд (беш аз 115 млн доллар) дониста шудааст, ки аз замони шӯравӣ дар бахши […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар бораи вуруди сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар зарфи 9 моҳи соли равон байни минтақа, инчунин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ маълумот нашр кард.

Дар миёни минтақаҳо барои сармоягузорони хориҷӣ тавре ки пешбинӣ мешуд, ҷолибтарин минтақаи Суғд (беш аз 115 млн доллар) дониста шудааст, ки аз замони шӯравӣ дар бахши саноат нисбатан пешрафта буд.

Вуруди сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба чор минтақаи дигари кишвар тариқи зайл аст:

– вилояти Хатлон – $60 млн;

– Душанбе – $45 млн;

– НТМ – $682 ҳазор.;

– ВМКБ – $665 ҳазор.

Байни шаҳру навоҳии кишвар аз рӯи ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ Гулистон ($106,3 млн), Данғара ($49,8 млн) ва ноҳияи Синои пойтахт ($29,3) дар сегонаи аввал қарор доранд.

Ба сурати умум, дар 9 моҳи соли 2022 аз 68 шаҳру навоҳӣ танҳо 21-тоашон сармояи хориҷӣ гирифтаанд.

Душанбе

– Сино – $29,3

– И. Сомонӣ – $10,7 млн

– Шоҳмансур – $3,4 млн

– Фирдавсӣ – $1,7 млн

Хатлон

– Данғара – $49,8 млн

– Ёвон – $8 млн

– Норак – $2,3 млн

– Кӯлоб – $349.4 ҳазор

– Бохтар – $199.8 ҳазор

– Балҷувон – $3.8 ҳазор

Суғд

– Гулистон – $106,3 млн

– Айнӣ – $6,2 млн

– Хуҷанд – $1 млн

– Б. Ғафуров – $792.7 ҳазор

– Бӯстон – $680.5 ҳазор

– Ҷ. Расулов – $298.6 ҳазор

НТМ

– Рӯдакӣ – $497.2 ҳазор

– Ваҳдат – $143.7 ҳазор

– Шаҳринав – $40.8 ҳазор

ВМКБ

– Мурғоб – $452.6 ҳазор

– Хоруғ – $212.4 ҳазор.

Маблағи умумии сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, ки давоми моҳҳои январ-сентябри соли 20220, ҷалб шудааст, 221,3 млн долларо ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ бо сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматнок (ҷомадонӣ) ва ҳар гуна сармоягузорӣ (қарзу грантҳо) дар давраи зикршуда ба ҷумҳурӣ ба маблағи 405,7 млн доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.