Толибон фаъолияти занон дар идораи Созмони милали муттаҳидро манъ карданд

Толибон* кори занон дар намояндагии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар вилояти Нангарҳорро манъ карданд. Ин монеаи нави Толибон вокуниши шадиди СММ ва коршикании намояндагони созмонро ба бор овардааст. Хабаргузории TOLOnews менависад, ки маъмурони муваққати ҳукумати Афғонистон фаъолияти занонеро, ки дар ниҳодҳои СММ кор мекунанд, мамнӯъ кардаанд. Стефан Дужаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, мегӯяд, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Толибон* кори занон дар намояндагии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар вилояти Нангарҳорро манъ карданд. Ин монеаи нави Толибон вокуниши шадиди СММ ва коршикании намояндагони созмонро ба бор овардааст.

Хабаргузории TOLOnews менависад, ки маъмурони муваққати ҳукумати Афғонистон фаъолияти занонеро, ки дар ниҳодҳои СММ кор мекунанд, мамнӯъ кардаанд.

Стефан Дужаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, мегӯяд, ки масъулони UNAMA аз Толибон дастури шифоҳӣ гирифтаанд, ки кори кормандони зан дар ниҳодҳои ин созмонро манъ кунад.

Ба гуфтаи Дужаррик, СММ рӯзи чаҳоршанбе паёмадҳои ин тасмимро бо вазорати умури хориҷаи Афғонистон баррасӣ хоҳад кард.

“Барои дабири кулл, чунин мамнӯъ ғайри қобили қабул ва ғайри қобили тасаввур аст. Ин тамоюли охирини нигаронкунанда аст, ки қобилияти созмонҳои имдодиро барои расидан ба онҳое, ки бештар ба кӯмак ниёз доранд, халалдор мекунад”, – гуфтааст Стефан Дужаррик.

Сухангӯи дабири кулли СММ бар ин назар аст, ки чунин фармонҳо ҳуқуқи бунёдии занонро поймол мекунанд.

Аз сӯйи дигар, сухангӯи Толибон мегӯяд, ин мавзӯъ ба далели бархе мушкилот танҳо дар вилояти Нангарҳор матраҳ шудааст ва кормандони Созмони Милали Муттаҳид дар вилоятҳои дигар ба кори худ бо риояи меъёрҳои шариат идома медиҳанд.

СММ аз кормандони худ дар Афғонистон хостааст, ки ба далели амниятӣ 48 соат ба кор ҳозир нашаванд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи сешанбе бо такя ба манобеъи ин созмон хабар дод.

Бояд гуфт, ки ин аввалин маҳдудияти Толибон барои занон дар Афғонистон нест. Намояндагони ин гуруҳ қаблан таҳсили духтарон дар макотиб ва донишгоҳ, кор дар созмонҳои ғайридавлатӣ, ташриф ба боғу тарабхонаҳоро низ манъ карда буданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.