Мулоқоти вазирони хориҷаи Эрон ва Саудӣ пас аз 7 сол

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷаи Эрон имрӯз, 5-уми апрел, бо Файсал бин Фарҳон Оли Сауд, ҳамтои Арабистони худ дар Пекин дидор ва гуфтугӯ карданд. Вазирони хориҷаи Эрон ва Арабистон бо иштироки вазири хориҷаи Чин барои густариши равобит ва ҳамкории дуҷониба баёнияи муштарак имзо карданд, менависад хабаргузории ИРНА. Гуфта мешавад, тибқи ин баёния ба зудӣ сафоратхонаҳо […]

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷаи Эрон имрӯз, 5-уми апрел, бо Файсал бин Фарҳон Оли Сауд, ҳамтои Арабистони худ дар Пекин дидор ва гуфтугӯ карданд.

Вазирони хориҷаи Эрон ва Арабистон бо иштироки вазири хориҷаи Чин барои густариши равобит ва ҳамкории дуҷониба баёнияи муштарак имзо карданд, менависад хабаргузории ИРНА.

Гуфта мешавад, тибқи ин баёния ба зудӣ сафоратхонаҳо боз шуда, хатсайрҳои ҳавоӣ барқарор хоҳанд гардид.

Теҳрон ва Риёз пас аз чанд соли қатъи равобит ба мувофиқа расиданд, ки бар асоси созиши бузурге, ки моҳи гузашта бо миёнҷигарии Чин сурат гирифт, ба ихтилофоти дипломатии худ хотима диҳанд.

Ихтилофи дар робитаҳои Теҳрон ва Риёз соли 2016, дар пайи ҳамла ба сафорат ва консулгариҳои Арабистони Саудӣ дар Эрон қатъ гардид. Он замон ҳамлаваронро қатли Нимр ал-Нимр, як рӯҳонии шиамазҳаби Арабистони Саудӣ ба хашм оварда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.