Дуздон чанд дафтари ҲХДТ-ро дар Хатлон ғорат кардаанд

Дафтари Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ)-ро дар ноҳияи Панҷ дуздон ғорат карда, телевизор, ноутбук, 2 компютеру мониторро бо худ бурдаанд. Дар ин бора сомонаи “Farazh.tj” бо такя ба Каримҷон Файзизода, роҳбари ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ хабар медиҳад. Ӯ гуфтааст, ки ҳодиса шаби 15-уми марти соли равон рух додааст, вале бо гузашти қариб як моҳ ҷинояткорон […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дафтари Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ)-ро дар ноҳияи Панҷ дуздон ғорат карда, телевизор, ноутбук, 2 компютеру мониторро бо худ бурдаанд.

Дар ин бора сомонаи “Farazh.tj” бо такя ба Каримҷон Файзизода, роҳбари ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ хабар медиҳад.

Ӯ гуфтааст, ки ҳодиса шаби 15-уми марти соли равон рух додааст, вале бо гузашти қариб як моҳ ҷинояткорон дастгир нашудаанд.

Каримҷон Файзизода гуфтааст, таҷҳизоти кории дуздидашуда ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ арзиш доштанд.

“Ман фавран тариқи мактуб ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, баъдан шахсан ба Кумитаи иҷроияи ҳизби вилоят телефонӣ хабар додам. Ташхисгарони соҳа изи дасти дуздонро гирифтаанд, аммо бо гузашти қариб як моҳ ҷиноят ошкор карда нашудааст. Ба идораи нави ҳизб моҳи сентябри соли гузашта кӯчидем ва бино дурбинҳои назоратӣ надошт”,-гуфтааст раиси ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.

Масъулини мақомоти қудратии ноҳия ва вилоят ҳодисаи мазкурро шарҳ надодаанд.

Аз ҷумла, Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД дар вилояти Хатлон аз ҳолати дуздӣ изҳори бехабарӣ карда, гуфтааст, “дар ин бора ба ӯ маълумот нарасидааст” ва  Баҳром Шокирзода, сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳия низ ҳодисаро шарҳ надодааст.

Ин сомона менависад, ки ин ҳодисаи аввал дар ҳудуди вилоят нест. Қаблан, дуздон ашёҳо ва таҷҳизот аз идораҳои ҲХДТ дар навоҳии Ҷайҳун, Шаҳритус ва Кушониёни вилояти Хатлонро ба яғмо бурда буданд.

“Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Ҳомидҳон Шаропов дуздии аз бинои ҳизбро дар ноҳия, дар тобистони соли гузашта, тасдиқ карда гуфт, милиса аз рӯи сабти дурбинҳои назоратии бино дуздро муайян ва дастгир карда, таҷҳизоти дуздидашуда ба онҳо баргардонида шудаанд”, – навиштааст манбаъ.

Ҳодисаи дуздии дафтари ҲХДТ, ки ба гуфтаи масъулинаш, беш аз ним миллион аъзо дорад, ҳодисаи нодир аст. ҲХДТ ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон аст, ки соли 1994 ташкил ёфта, аз соли 1998 ин тараф Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон роҳбари он мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.