Боздошти тоҷикистониён дар Маскав барои ташкили гурӯҳ ва латукӯби роҳгузарон

Дар Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели авбошии бо истифода аз зӯроварӣ содиршуда аз ҷониби гурӯҳи муташаккил нисбат ба ҷавонон тафтиш мешавад. Дар ин бора дар шабакаи Telegram-и раёсат хабар дода мешавад. Дар доираи чорабиниҳои тафтишотӣ шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, боздоштшудагон дар давраи солҳои 2022-2023 дар […]

Дар Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели авбошии бо истифода аз зӯроварӣ содиршуда аз ҷониби гурӯҳи муташаккил нисбат ба ҷавонон тафтиш мешавад. Дар ин бора дар шабакаи Telegram-и раёсат хабар дода мешавад.

Дар доираи чорабиниҳои тафтишотӣ шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, боздоштшудагон дар давраи солҳои 2022-2023 дар ҳайти гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ “бе сабаб ҷавононро мушту лагадкӯбӣ мекардаанд”. Ҳамзамон онҳо ин ҳолатҳоро дар видео наворбардорӣ карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр нашр мекардаанд.

“Дар ҷараёни тафтишот ошкор шуд, ки гурӯҳ аз зодагони Тоҷикистон иборат буда, қисмате аз онҳо ғайриқонунӣ дар Русия ба сифати муҳоҷирон қарор доштаанд. Айни замон 5 нафари соли таваллудашон 2002, 2004, 2006 ва 2007, инчунин саркардаи ин гурӯҳ боздошт шудаанд”, – зикр мешавад дар хабар.

Ба ҳамаи гумонбаршудагон дар 4 ҳолат аз рӯи аломатҳои қисми 2, моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия (Авбошӣ) айбнома пешниҳод шудааст.

“Нисбат ба ҳамаи айбдоршавандагон чораи пешгирӣ дар шакли таҳти ҳабс қарор доштан амалӣ шудааст”, – гуфта мешавад дар хабар.

Дар ин қисми модда ҷазои ҷарима дар ҳаҷми аз 500 то 1 млн рубл ё дар ҳаҷми маош ё дигар даромади маҳкумшуда дар давраи аз 3 то 4 сол, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 5 сол, ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 7 сол пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.