Ҳалокати 2 нафар дар Варзоб бар асари садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт дар қаламрави ноҳияи Варзоб 2 нафар ҳалок шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, ин ҳодиса 6 апрел рӯзона дар километри 65-уми роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб рух додааст. «Автомашинаи сабукрави тамғаи «Opel Zafira» зери идораи сокини 36-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат аз Хуҷанд ба самти Душанбе бо […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Бар асари садамаи нақлиёт дар қаламрави ноҳияи Варзоб 2 нафар ҳалок шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса 6 апрел рӯзона дар километри 65-уми роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб рух додааст.

«Автомашинаи сабукрави тамғаи «Opel Zafira» зери идораи сокини 36-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат аз Хуҷанд ба самти Душанбе бо сабабҳои номаълум ба ҷарии 600-метра чаппа шудааст”, – зикр мекунанд дар Кумита.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи садама 2 мусофири мошин аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, ронанда ва боз 1 мусофири дигарро бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи ноҳия бурдаанд.

Бо назардошти вазъи обуҳаво, Кумита аз ронандагон дархост мекунад, ки барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш, реҷаи суръатро дар роҳҳо, бахусус роҳҳои минтақаи кӯҳистон риоя намоянд.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии Ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ хатари фаромадани селҳо боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.