Дар футболи Тоҷикистон чӣ қадар легионерҳо бозӣ мекунанд?

Дар мавсими нави чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи олӣ 10 даста иштирок мекунанд, ки дар ҳайати онҳо 44 бозигари хориҷӣ (легионерҳо) аз 13 кишвар ва 3 қора ҳунарнамоӣ хоҳанд кард, хабар медиҳад Федератсияи футболи кишвар. Теъдоди аз ҳама бештари онҳо  26 бозигар аз Африқо мебошанд. Қораи Осиёро 13 бозигар аз 4 кишвар ва Аврупоро […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар мавсими нави чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи олӣ 10 даста иштирок мекунанд, ки дар ҳайати онҳо 44 бозигари хориҷӣ (легионерҳо) аз 13 кишвар ва 3 қора ҳунарнамоӣ хоҳанд кард, хабар медиҳад Федератсияи футболи кишвар.

Теъдоди аз ҳама бештари онҳо  26 бозигар аз Африқо мебошанд. Қораи Осиёро 13 бозигар аз 4 кишвар ва Аврупоро – 5 бозигар намояндагӣ мекунанд.

Аз ҳама бештар легионерҳо Аз Гана мебошанд. -дар мавсими нав 14 намояндаи ин кишвар дар дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон бозӣ мекунанд.

Дар зинаи дуюм аз лиҳози теъдоди легионерҳо Камерун (8 бозигар) ва сеюм – Ӯзбекисстон (7 легионер) қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи регламенти чемпионати Тоҷикистон дар мавсими соли 2023, дастаҳои Лигаи олӣ то 7 нафар легионерҳоро ба ҳайати худ қабул карда метавонанд. Дар ҳамин ҳол, дар як вақт дар майдон танҳо 5 легионер бозӣ карда метавонанд.

Аз ҳама зиёдтар легинерҳо дар дастаҳои “Равшан” ва “Файзканд” – 7 нафарӣ бозӣ мекунанд, ки бо ин дастаҳо қарордод бастаанд.

Ғайр аз ин, сармурабииёни 4 дастаи футболи Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Дар дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон пеш аз ин легионерҳо аз Русия, Ӯзбекистон, Украина, Бразилия, Гана, Эрон, Сербия ва дигар кишварҳо бозӣ кардаанд ва ё айни замон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.