Қариб 16 млн сомонӣ. Зарари офати табиӣ дар Бадахшон

Ҳаҷми хисороти офатҳои табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар се моҳи соли ҷорӣ 15,8 миллион сомониро ташкил дод. Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар се моҳи соли 2023 ва супоришҳои нақшавӣ барои нимсолаи дуюм хабар дода шуд. Танҳо дар се моҳи соли 2023 дар ВМКБ наздикӣ 260 […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ҳаҷми хисороти офатҳои табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар се моҳи соли ҷорӣ 15,8 миллион сомониро ташкил дод.

Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар се моҳи соли 2023 ва супоришҳои нақшавӣ барои нимсолаи дуюм хабар дода шуд.

Танҳо дар се моҳи соли 2023 дар ВМКБ наздикӣ 260 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар натиҷа, дар вилоят 73 хона хароб шуда, аз ин шумора 16 хона пурра ва 19 хона қисман осеб диданд.

Зарари умумии расида 15,8 миллион сомониро ташкил додааст.

Ҳоло дар вилоят корҳои барқарорсозӣ идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ дар ВМКБ бар асари тармафуроӣ 18 нафар (16 нафар дар Хоруғ ва 2 нафар дар Ванҷ) ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.