“Барои як бемор 1 сомонӣ”. Нигаронии сартабиби ноҳияи Дӯстӣ аз маблағи ҷудошуда

Сайдулло Малайзода, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ дар вилояти Хатлон, маблағи барои хариди дорувории беморон дар соли сипаришуда ҷудошударо ба чолиш кашида, гуфтааст, “ба ҳар бемор дар як рӯз 95 дирам то 1 сомонӣ” аст. Аммо масъулони Раёсати молияи ноҳия ин иддаои сардухтурро рад мекунанд. Дар ин бора ҳафтаномаи “Фараж” иттилоъ медиҳад. Ин ҳафтанома навиштааст, […]

Сайдулло Малайзода, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ дар вилояти Хатлон, маблағи барои хариди дорувории беморон дар соли сипаришуда ҷудошударо ба чолиш кашида, гуфтааст, “ба ҳар бемор дар як рӯз 95 дирам то 1 сомонӣ” аст. Аммо масъулони Раёсати молияи ноҳия ин иддаои сардухтурро рад мекунанд. Дар ин бора ҳафтаномаи “Фараж” иттилоъ медиҳад.

Ин ҳафтанома навиштааст, ки маблағгузории кам барои харидании ғизо ва доруи беморон аз буҷети маҳалии ноҳияи Дӯстӣ масъулони беморхонаи марказии ноҳияро нигарон кардааст.

Нашрия бо такя ба гуфтаи сардухтури беморхона навиштааст, ки “соли 2022 барои хариди дорувории беморон аз ҳисоби буҷети ноҳия ҳамагӣ 29 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, ки ба ҳар бемор дар як рӯз хеле кам, яъне 95 дирам то 1 сомонӣ, рост меомад”.

“Камаш 300-400 ҳазор сомонӣ бояд барои доруворӣ ҷудо карда шавад, зеро соли гузашта барои як беморамон мо 40 ҳазор сомонӣ масраф кардем ва ҳоло беморхона аз Маркази хуни вилоят 35-40 ҳазор сомонӣ ва аз дорухонаи №4-и шаҳри Бохтар 10 ҳазор сомонӣ қарздор аст”, – гуфтааст Сайдулло Малайзода.

Сартабиби беморхона иттилоъ додааст, ки имсол барои дорувории беморон аз ҳисоби буҷети ноҳия бо талошҳои зиёд ҳамагӣ 75 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифтанд.

Ӯ таъкид кардааст ки, “аз ин маблағ дар се моҳи соли 2023-юм 10 ҳазор сомонӣ барои харидани плёнкаи рентген ва хлор гирифтанду халос”.

Сайдулло Малайзода бо нигаронии хос гуфтааст, ки “барои хӯрокворӣ имсол 35 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия ба нақша гирифта шудаст, ки ин ҳам кифоя нест. 40 дарсади маблағҳои қарори №600-ро барои хариди доруворӣ ҷудо мекунем, аммо, мутаассифона, дар беморхона  беморон бистарӣ намешаванд. Зеро дар се моҳи соли ҷорӣ иҷроиши қарори №600 дар умум 25 фоиз иҷро шудасту халос”

Бояд гуфт, қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 2-юми декабри соли 2008, таҳти рақами №600 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” ҳаҷми пардохт барои табобату ташхисро муайян мекунад.

Аммо дар ин ҳол, сардори Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ Сайднизомиддин Самадзода дар сӯҳбат бо ҳафтанома гуфтаҳои сардухтури беморхонаи марказиро рад кардааст.

Самадзода гуфтааст, дар соли 2022 аз ҳисоби буҷети ноҳия дар умум барои соҳаи тандурустӣ 539 ҳазору 307 сомонӣ ва хӯрокворӣ 50 ҳазору 500 сомонӣ ба нақша гирфита шуда буд, ки он пурра маблағугузорӣ шуд.

“Аз ин маблағҳо  барои харидории доруворӣ ба беморхонаи марказӣ 102  ҳазору 030 сомонӣ ва 29 ҳазор барои ғизо ба нақша гирифта шуда буд”, – афзуда Самадзода.

Ба иттилои ӯ, “дар соли 2023  барои харидории доруворӣ ба соҳаи тандурустӣ дар буҷети ноҳия дар ҷамъ 603 ҳазору 700 сомонӣ ва барои хӯрокворӣ 54 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст”.

“Суоли матраҳ ин аст, ки сардухтури беморхона рост мегӯяд ё сардори Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ?”, – менависад ҳафтаномаи “Фараж”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.