Ҳалокати ягона писари Озарахш ва Фарзона дар дарёи Сир

Ҳумоюн Каримзодаи 21-сола, ягона писари шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш (Толиб Карим) ва Фарзона (Иноят Хоҷаева) дар дарёи Сири  шаҳри Хуҷанд  ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса  рӯзи 13 апрели рух дода,  бегоҳӣ ҷасадашро аз об берун баровардаанд. Дар ин бора наздикону пайвандони шоирон хабар медиҳанд. Гуфта мешавад, ки Ҳумоюн Каримзода донишҷӯи шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд.  Ӯ фарзанди хурдӣ […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Ҳумоюн Каримзодаи 21-сола, ягона писари шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш (Толиб Карим) ва Фарзона (Иноят Хоҷаева) дар дарёи Сири  шаҳри Хуҷанд  ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса  рӯзи 13 апрели рух дода,  бегоҳӣ ҷасадашро аз об берун баровардаанд. Дар ин бора наздикону пайвандони шоирон хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки Ҳумоюн Каримзода донишҷӯи шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд. 

Ӯ фарзанди хурдӣ ва писари ягонаи ин ҷуфти маъруф, дар донишгоҳ таҳсил мекард ва гоҳо овозхонӣ ҳам мекард. Чанд  сабти ҳунарнамоии ӯ бо падараш Озарахш ва амакбачааш Фараҳманд Каримов, ки низ аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик ба шумор меравад, дар Интернет нашр шудааст.

Озарахш (Толиб Каримов) сармуҳаррири Нашрияи "Паёми Суғд", шоир ва таронасарои маъруф буда, дар маҳфилҳо  овозхонӣ ҳам мекунад. Ҳамсари ӯ Фарзона (Иноят Хоҷаева)-ро, ки дар кишвар устоди шеъри муосир ном мебаранд, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи нависандагон ба номи Турсунзода (1995), ҷоизаи ҷавонони вилояти Суғд (1995), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008) буда, ҳарду бо унвони баланди Шоирони халқии Тоҷикистон мушарраф шудаанд.

Хабари марги Ҳумоюн шаби гузашта соати 22:30 дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва то ин дам садҳо нафар ба оилаи шоирони халқи изҳори тасаллият навишта, баъзе аз шоирон сӯгномаҳо нашр кардаанд.

Аз ҷумла, Иттифиқи нависандагони Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ба ду шоири халқии Тоҷикистон тасаллият гуфтааст.

Ҷанозаи Ҳумоюн  Каримзода имрӯз соати 10:00 дар кучаи Саид Носирови маҳаллаи Пахтакор, ҳавлии шоирони халқӣ Фарзона  ва Озарахш баргузор мешавад.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум, махсусан шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.