“Аз кор озод шуданд, вале боздошт не”. Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи се корманди Пажӯҳишгоҳи гинекологӣ

Asia-Plus

Бар зидди чанд корманди масъули “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои тасарруфи беш аз 1,5 млн сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.

Дар ин бора Маркази матбуотии Оҷонсии зиддифасодди Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, Фирӯза Шукурова, муҳосиби музди меҳнатӣ, Гулбаҳор Худогуева, сариқтисодчӣ ва Зебогул Мухамедрахимова, муҳосиби молии пажуҳишгоҳ, 1 млн 540 ҳазору 703 сомониро ба корти кормандони собиқ гузаронида, худашон гирифтаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, масъулини ниҳоди зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барқасдона даст ба ҷиноят задаанд.

“Чунончи, номбурдагон дар ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, ведемостҳои тақсимоти музди меҳнат маълумотҳои таҳрифшударо ворид карда, дар маҷмӯъ маблағи умумии 1 540 703 сомониро беасос ба корти электронии собиқ кормадони муассиса ҳамчун музди меҳнат интиқол дода, пас аз ба таври нақдӣ гирифтани маблағи зикршуда онро ба пуррагӣ тасарруф намуданд”, – омадааст дар иттилоияи Оҷонсии зиддифасод.

Гуфта мешавад, ки нисбати Фирӯза Шукурова, Гулбаҳор Худогуева ва Зебогул Мухамедрахимова барои қаллообӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 245 қисми 4 банди “б”) ва сохтакории хизматӣ моддаи 323 парванди ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Оҷонсӣ нагуфтааст, ки ин се корманди Пажуҳишгоҳ боздошт шудаанд ё не.

Дар ҳаимн ҳол, аз Пажуҳишгоҳи акушерӣ ва генекологӣ боз шудани парвандаро нисбати се нафар тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки онҳо аз кор озод шудаанд, вале аз ҷониби мақомот боздошт нашуда, дар озодианд.

Бояд гуфт, ки ҳолати фасодкорӣ дар чандсолаи охир дар Тоҷикистон бештар ошкор мешавад ва сомонаи Оҷонси зиддифасод тақрибан ҳар моҳе дар ин маврид хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки маъмурони Оҷонси зиддифасодро дар Тоҷикистон ҳамвора барои дастгир накардани мансабдорони баландпоя танқид мекунанд. Ин ниҳод бештар дар бораи боздошти омӯзгорону пизишкон ва кормандони зинаҳои поини вазорату кумитаҳои давлатӣ гузориш медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...