“Аз кор озод шуданд, вале боздошт не”. Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи се корманди Пажӯҳишгоҳи гинекологӣ

Бар зидди чанд корманди масъули “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои тасарруфи беш аз 1,5 млн сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст. Дар ин бора Маркази матбуотии Оҷонсии зиддифасодди Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ мегӯяд, Фирӯза Шукурова, муҳосиби музди меҳнатӣ, Гулбаҳор Худогуева, сариқтисодчӣ ва Зебогул Мухамедрахимова, муҳосиби молии пажуҳишгоҳ, […]

Asia-Plus

Бар зидди чанд корманди масъули “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои тасарруфи беш аз 1,5 млн сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.

Дар ин бора Маркази матбуотии Оҷонсии зиддифасодди Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, Фирӯза Шукурова, муҳосиби музди меҳнатӣ, Гулбаҳор Худогуева, сариқтисодчӣ ва Зебогул Мухамедрахимова, муҳосиби молии пажуҳишгоҳ, 1 млн 540 ҳазору 703 сомониро ба корти кормандони собиқ гузаронида, худашон гирифтаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, масъулини ниҳоди зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барқасдона даст ба ҷиноят задаанд.

“Чунончи, номбурдагон дар ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, ведемостҳои тақсимоти музди меҳнат маълумотҳои таҳрифшударо ворид карда, дар маҷмӯъ маблағи умумии 1 540 703 сомониро беасос ба корти электронии собиқ кормадони муассиса ҳамчун музди меҳнат интиқол дода, пас аз ба таври нақдӣ гирифтани маблағи зикршуда онро ба пуррагӣ тасарруф намуданд”, – омадааст дар иттилоияи Оҷонсии зиддифасод.

Гуфта мешавад, ки нисбати Фирӯза Шукурова, Гулбаҳор Худогуева ва Зебогул Мухамедрахимова барои қаллообӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 245 қисми 4 банди “б”) ва сохтакории хизматӣ моддаи 323 парванди ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Оҷонсӣ нагуфтааст, ки ин се корманди Пажуҳишгоҳ боздошт шудаанд ё не.

Дар ҳаимн ҳол, аз Пажуҳишгоҳи акушерӣ ва генекологӣ боз шудани парвандаро нисбати се нафар тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки онҳо аз кор озод шудаанд, вале аз ҷониби мақомот боздошт нашуда, дар озодианд.

Бояд гуфт, ки ҳолати фасодкорӣ дар чандсолаи охир дар Тоҷикистон бештар ошкор мешавад ва сомонаи Оҷонси зиддифасод тақрибан ҳар моҳе дар ин маврид хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки маъмурони Оҷонси зиддифасодро дар Тоҷикистон ҳамвора барои дастгир накардани мансабдорони баландпоя танқид мекунанд. Ин ниҳод бештар дар бораи боздошти омӯзгорону пизишкон ва кормандони зинаҳои поини вазорату кумитаҳои давлатӣ гузориш медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио