“Парасту-2023” оғоз шуд. Гузориш аз аввалин рӯзи ҷашнвора

Шоми дирӯз, 27-уми апрел, ҷашнвораи театрии ҷумҳуриявии “Парасту-2023” дар Душанбе оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи фестивал-озмун аҳли ҳунару санъати мамлакат иштирок намуданд. Ҷашнвораи мазкур муҳимтарин фестивали театрҳои касбӣ буда, ҳар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва дар он, театрҳои кишвар як намоишномаи беҳтарини худро муаррифӣ мекунанд. Дар оғози чорабинӣ, Обид Назариён, муовини вазири фарҳанги […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Шоми дирӯз, 27-уми апрел, ҷашнвораи театрии ҷумҳуриявии “Парасту-2023” дар Душанбе оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи фестивал-озмун аҳли ҳунару санъати мамлакат иштирок намуданд.

Ҷашнвораи мазкур муҳимтарин фестивали театрҳои касбӣ буда, ҳар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва дар он, театрҳои кишвар як намоишномаи беҳтарини худро муаррифӣ мекунанд.

Дар оғози чорабинӣ, Обид Назариён, муовини вазири фарҳанги кишвар аз таърихи фестивал гуфта, иброз дошт, ки масъулин ва ҳукумати мамлакат ба театр таваҷҷӯҳи вижа равона месозанд.

Ба гуфтаи ӯ, фестивал-озмуни “Парасту” аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.

“Ҷашнвораи театрии ҷумҳуриявии “Парасту-2023” барои рушди бештари театр равона мешавад ва дар ин фестивал пешрафти театрҳои касбии мамлакат мушоҳида мегардад”, – гуфт Назариён.

Муовини вазири фарҳанг пас аз ин парчами фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2023”-ро бароварда, аъзои ҳакамонро муаррифӣ кард.

Номбурда таъкид намуд, ки имсол ҷашнвораи “Парасту-2023” ба 35-солагии истиқлол ва 85-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев бахшида мешавад.

Фестивалро намоиши Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз рӯи асари Фирдавсӣ “Зол ва Рудоба” дар таҳияи режиссёр Баҳром Қурбонов ҳусни оғоз бахшид.

Бояд гуфт, ки имсол дар фестивали мазкур 18 театри касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир рӯи саҳна омадаанд, пешниҳоди тамошобинон ва ҳакамони озмун мегардонанд.

Инчунин дар доираи фестивал баргузории ду ҳамоиш – яке дар мавзӯи “Хушназар Майбалиев – арбоби барҷастаи санъати тоҷик” ва “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” дар назар аст.

Маврид ба зикр аст, ки Хушназар Майбалиев, коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ буда, зиёда аз панҷоҳ спектакл, аз қабили “Дӯсти дӯст”, “Захми забон”, “Фарёди ишқ”, “Беватан”, “Ибтидо”,  “Машварат”, “Писари калонӣ”, “Ваня тағо”, “Антигона”, “Муфаттиш”, “Дод аз дасти ақл” ва ғайраро рӯи саҳна оварда, дар беҳбуд ва равнақи санъати театри тоҷик ҳиссаи назаррас гузоштааст.

Мавсуф дар ҷодаи коргардонӣ аз василаҳои гуногун истифода бурда, барои ноил шудан ба мақсади ниҳоӣ ҳеч гоҳ тан ба фароғат намедод. Бо дигар театрҳои касбии ҷумҳурӣ ҳамеша дар робитаи эҷодӣ қарор дошт ва донишу таҷрибаашро ба ҷавонони навкор ёд медод.

Ёдовар мешавем, ки шоми имрӯз, 28-уми апрел, дар доираи ҷашнвораи театрии ҷумҳуриявии “Парасту-2023” дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи “Иштибоҳ” дар коргардонии Нозим Меликов ба саҳна гузошта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио