Бар асари таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ як зан ҷон бохтааст

Бар асари таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе як зан ҷон бохтааст. Ӯ дар пешайвони манзилаш, дар ошёнаи сеюми бинои ҳамшафати нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ қарор дошта, аз мавҷи таркиш ба замин афтодааст. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе менависад, ки ин зан дар пайи ҷароҳатҳои вазнини бардоштааст дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ёдовар мешавем, ки сӯхтор […]

Бар асари таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе як зан ҷон бохтааст. Ӯ дар пешайвони манзилаш, дар ошёнаи сеюми бинои ҳамшафати нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ қарор дошта, аз мавҷи таркиш ба замин афтодааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе менависад, ки ин зан дар пайи ҷароҳатҳои вазнини бардоштааст дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ёдовар мешавем, ки сӯхтор ва дарпайи он таркиш имрӯз соати 15:37 дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ “Соро ойл” дар кӯчаи Борбади пойтахт рух додааст.

Вазорати корҳои дохилӣ таъкид мекунад, ки мошини интиқолдиҳандаи маводи сӯхт ҳангоми холӣ кардани сӯзишворӣ таркидааст.

“Сӯхтор дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ кардани гази моеъ аз мошин рух додааст”, – гуфтанд дар вазорат.

Сӯхторро 9 дастаи оташнишонӣ хомӯш карданд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, бар асари таркиш ҳамчунин  як мошини боркаш низ осеб дидааст, ки дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ қарор доштааст.

Зарар ва сабабҳои сӯхторро комиссияҳои махсус муайян хоҳад кард, гуфтаанд аз ВКД.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.