Президенти ФИФА бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад

Президенти Федератсияи байнулмилалии Ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино шоми рӯзи 1 май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад, хабар дода мешавад дар торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон. Гуфта мешавад, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбари футболи ҷаҳонро роҳбарияти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ истиқбол гирифтанд. Дар доираи сафар Ҷанни Инфантиноро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад. Илова […]

Asia-Plus

Президенти Федератсияи байнулмилалии Ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино шоми рӯзи 1 май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад, хабар дода мешавад дар торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбари футболи ҷаҳонро роҳбарияти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи сафар Ҷанни Инфантиноро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Илова бар ин, Ҷанни Инфантино бо раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир карда, масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ мекунанд.

Президенти ФИФА ҳамчунин дар Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Душанбе ширкат хоҳад кард, ки зимни он маросими интихоби роҳбарияти CAFA барои давраи чаҳорсолаи нав сурат мегирад.

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халиф аз 28 апрел дар Душанбе қарор дорад. Ӯҳам дар кори Конгресси CAFA иштирок мекунад.

Роҳбари амалкунандаи Ассотсиатсия Рустами Эмомалӣ аст. Номзадии ӯ бори дигар ба вазифаи роҳбари CAFA барои давраи чор сол (2023-2027) баррасӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.