ИМА барои кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ то 120 ҳазор доллар ҷудо мекунад

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳор доштанд, ки ҷиҳати ҷудо кардани то 120 ҳазор доллар барои кор бо ҷавонони англисидон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд. Дар шарҳи грант, ки Russian Today (RT) бо он шинос шудааст, дар навбати аввал доир ба робитаи мутақобила бо мактабхонҳои синфҳои болоӣ ва донишҷӯён сухан меравад. Лекин барои иштирок дар ин […]

Asia-Plus

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳор доштанд, ки ҷиҳати ҷудо кардани то 120 ҳазор доллар барои кор бо ҷавонони англисидон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд. Дар шарҳи грант, ки Russian Today (RT) бо он шинос шудааст, дар навбати аввал доир ба робитаи мутақобила бо мактабхонҳои синфҳои болоӣ ва донишҷӯён сухан меравад. Лекин барои иштирок дар ин ташаббус рӯзноманигорону блогерон ва намоянядагони мақомоти давлатии маҳаллӣ ва коршиносон ҳам даъват шуда метавонанд.

“Дар доираи барнома онҳо бо авлавиятҳои сиёсати хориҷии ИМА дар Осиёи Марказӣ шинос шуда, ба онҳо имкон медиҳад, ки бо ҳамсолони худ масоили муҳиму рӯзмарра дар саросари минтақаро баррасӣ кунанд. Аз ҷумла масоили иқтисодӣ бо таваҷҷуҳ ба рушди тиҷорати минтақавӣ ва дурнамо барои сармоягузорӣ ва савдои ИМА, таҳдидҳои умумӣ ба минтақа дар соҳаҳои экология, ҳуқуқи инсон, амният бо таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои террористӣ”, – зикр мешавад дар санад.

Ҳадафи аслии ташаббуси “Шӯрои ҷавонони С5+1” рушди шабакаи минтақавии “пешвоҳои ҷавон” унвон мешавад, ки ба рушди афзалиятҳои платформаи дипломатии "С5 + 1" саҳм мегузоранд.

Мушаххас шудааст, ки "С5+1" як "равиши умумидавлатии ҳукумати ИМА ба Осиёи Марказӣ" аст, ки ҳамкориро бо панҷ кишвари ин минтақаи бузург – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон пешбинӣ мекунад.

Ҳаҷми маблағгузорӣ ба амалисозии барномаи мазкур, ки ИМА ба он омода аст, набояд аз 120 ҳазор доллар зиёд бошад.

Бино ба маълумоти ҳукумати ИМА, Вашингтон ин лоиҳаро аз соли 2015 маблағгузорӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.