Дар Тоҷикистон бори аввал мусобиқаи миллӣ оид ба сайёҳии варзишӣ баргузор шуд

Дар Тоҷикистон бори нахуст мусобиқа оид ба сайёҳии варзишӣ доир гардид. Ин мусобиқа бо ташаббуси Федератсияи сайёҳии варзишии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо шарикон рӯзҳои 28-30 апрел дар дараи Қаратоғ баргузор шуд. “Барномаи мусобиқа аз рақобатҳо дар сайёҳии кӯҳгардӣ, кӯҳнавардӣ ва гузаштани дарё иборат буд. Ба гуфтаи роҳбари федератсияи миллӣ Бобомурод Мирзоев, дар кишвар ҳамагӣ 10 […]

Дар Тоҷикистон бори нахуст мусобиқа оид ба сайёҳии варзишӣ доир гардид. Ин мусобиқа бо ташаббуси Федератсияи сайёҳии варзишии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо шарикон рӯзҳои 28-30 апрел дар дараи Қаратоғ баргузор шуд.

“Барномаи мусобиқа аз рақобатҳо дар сайёҳии кӯҳгардӣ, кӯҳнавардӣ ва гузаштани дарё иборат буд. Ба гуфтаи роҳбари федератсияи миллӣ Бобомурод Мирзоев, дар кишвар ҳамагӣ 10 навъи сайёҳии варзишӣ дар ҳоли рушд қарор доранд.

“Мо аз рӯи се навъи он мусобиқа гузаронидем, – иброз дошт вай. – Дар ин мусобиқаҳо 10 дастаи макотиби олӣ, коллеҷу литсей, инчунин ширкатҳои сайёҳӣ ва 2 дастаи дӯстдорони ин соҳа иштирок карданд”.

Ба қавли Мирзоев, ҳадаф аз баргузории мусобиқаи аввл начандон ба паҳлӯи варзишӣ дахл дошт, балки метавон онро омӯзишӣ ва таълимӣ гуфт.

“Гап сари он аст, ки дар мо аз рӯи ин навъҳо варзишгарони касбӣ нестанд, аз ин рӯ, нахуст онҳоро омӯзонидан ва сипас баргузор намудани мусобиқаҳои мукаммал зарур аст”, – гуфт роҳбари Федератсия.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаҳо зери назорати мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода доир гардида, дар баргузории онҳо намояндагони Кумитаҳои ҷавонон ва рушди сайёҳӣ, инчунин раҳбарияти маҷмааи “Шарқи озод” кумак карданд.

“Чемпионати озмоишии мо муваффақона гузашта, шоҳиди он шудем, ки теъдоди зиёди одамон, аз ҷумла ҷваонон ба ин навъи варзиш таваҷҷуҳ доранд, – гуфт Мирзоев. – Ният дорем, ки мусобиқаи навбатиро дар дараи Ромит баргузор кунем”.

Суратҳо аз Федератсияи сайёҳии варзишии Тоҷикистон

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.