Нимсолаи аввали соли 2021 аз гардиши ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон 200 килову 593 грамм (ҳамин давраи соли 2020 – 131 кг 657 гр) маводи нашъаовар, аз ҷумла 3 кг 873 г героин, 32 кг 554 г афюн, 127 кг 439 г ҳашиш, 1 кг 807 г бангдона, 34 кг 920 г маводи сахттаъсири фаъоли рӯҳӣ дар шакли хока ва ҳабҳо (таблеткаҳо)-и синтетикӣ (2434 дона) мусодира шуданд.
Зимни нишасти хабарии имрӯз, 15 июл директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН) генерал-майор Ҳабибулло Воҳидзода хабар дод, ки дар зарфи 6 моҳ аз ҷониби Агентӣ 104 (соли 2020 – 80) ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор шудааст, ки 24 ҷиноят ё худ 30% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Ба гуфтаи Воҳидзода, дар ин давра фаъолияти 28 гуруҳи ҷиноятпеша (иборат аз 64 нафар), аз ҷумла фаъолияти 1 гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва қатъ карда шудааст.
Ӯ зикр кард, ки инчунин 187 (соли 2020 – 216) далели қонуншиканиҳои маъмурӣ ошкор шуда, 200 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданд. Аз онҳо ба фоидаи буҷет 115 ҳазору 472 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.
Зимнан зикр шуд, ки давоми 6 моҳ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар дар маҷмӯъ 1 тоннаву 695,65 кг маводи нашъаоварро аз гардиши ғайриқонунӣ мусолдира намуданд, ки 510,2 кг ё худ 43% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли пешин мебошад.
“Аз ҷониби ВКД 819,12 кг (соли 2020 – 543,4 кг), КДАМ – 662,6 кг (2020 – 488,1 кг), Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – 11,7 кг (2020 – 1,5 кг) ва Хадамоти гумрук – каме бештар аз 1 кг (2020 – 20,6 кг) маводи нашъаовар мусодира шуд”, – илова кард Воҳидзода.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.