Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард

Имрӯз суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин баргузор гардид. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, сарони ду кишвар ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ҳамдигарро табрик гуфтанд. Гуфта мешавад, зимни суҳбат президентҳо тамоюли мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид карданд. “Сарони ду […]

Asia-Plus

Имрӯз суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин баргузор гардид.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, сарони ду кишвар ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ҳамдигарро табрик гуфтанд.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат президентҳо тамоюли мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид карданд.

“Сарони ду давлат ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон табодули афкор анҷом дода, ҷадвали чорабиниҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро дар соли ҷорӣ муҳокима карданд”, – омадааст дар хабар.

Дар фарҷоми гуфтугӯ Владимир Путин президенти Тоҷикистонро барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Маскав даъват кард.

Дар хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҳоло дар бораи пазируфта шудан ё нашудани ин даъват тасмим гирифта нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан зикр гардида буд, ки дар гузашти низомии имсола дар Маскав ба муносибати ҷашни Рӯзи Ғалаба ягона сарвари давлати хориҷӣ, президенти Қирғизистон Садир Жапаров ҳузур хоҳад дошт.

Дар хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон изҳор намудаанд, ки сарфи назар аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесрнишин (беспилотникҳо) ба Кремл шаби 3 май, Садир Жапаров сафарашро ба Маскав рӯзҳои 8-9 май бекор накардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио