Муроҷиати волидайни чанд кӯдак ба духтур баъди истеъмоли доруи зидди кирм дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабинии бекирмгардонӣ дар байни наврасон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон вазъи баъзе хонандагон “нохуб шудааст”. Чанд нафар ба “Азия-Плюс” шикоят карданд, ки бе огоҳии онҳо ба фарзандонашон доруи зидди кирм додаанд. Як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо шарти ифшо нашудани номаш зикр намуд, танҳо пас аз “нохуб” шудани вазъи саломатии писараш, […]

Маҳмадалӣ Азизов, рӯзноманигори шаҳрвандии Asia-Plus

Дар натиҷаи гузаронидани чорабинии бекирмгардонӣ дар байни наврасон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон вазъи баъзе хонандагон “нохуб шудааст”. Чанд нафар ба “Азия-Плюс” шикоят карданд, ки бе огоҳии онҳо ба фарзандонашон доруи зидди кирм додаанд.

Як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо шарти ифшо нашудани номаш зикр намуд, танҳо пас аз “нохуб” шудани вазъи саломатии писараш, ки хонандаи синфи 2 мебошад, аз “маъракаи эмкунӣ зидди кирм” огоҳ шудааст.

“Ба ман касе хабар надод, ки зидди кирм ба писарам дору медиҳанд. Вақте писарам ба хона омад, аз шикамдардиву дилбеҳузурӣ шикоят дошт. Вақте аз ӯ сабаби бад шудани вазъи саломатиашро пурсидам, гуфт, ки дар мактаб ба онҳо дору додаанд”, – таъкид намуд ин сокини ноҳияи А.Ҷомӣ.

Модари як хонандаи дигар ҳам шикоят кард, ки вазъи саломатии фарзандаш бад шудааст, аммо бо “гузашти чанд муддат ва каме истироҳат писараш ба худ омадааст”.

Сардухтур: Ҷойи нигаронӣ нест

Алихон Нурализода, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 4-уми май, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” ҳодисаро тайид кард ва гуфт, ин “маъмулӣ ва гузаранда аст”.

“Воқеан, давоми ду рӯзи гузашта, муаллимони мактабҳои №2 ва №6 аз нохуб шудани вазъи чанд хонанда ба духтурони бемористонҳо муроҷиат кардаанд. Маълум шуд, ки онҳо баъди хӯрдани доруи “Мебендазол” худро нохуб ҳис карда, сардард, шикамрав ва дилбеҳузур шудаанд. Аммо ин ҳолат маъмулӣ аст ва боиси нигаронӣ нест. Доруи “Мебендазол” кирмҳои дар рӯдаву меъдаи кӯдакон часпидаро меафтонад ва чунин ҳолат пеш омаданаш ғайричашмдошт набояд бошад. Танҳо 1-2 соат идома мекунад ва пас аз он ҳоли кӯдак комилан хуб мешавад”, – шарҳ дод сардухтури беморхона.

Волидон чаро огоҳ нестанд?

Саволе, ки волидони хонандагон посух мехоҳанд ин аст, ки чаро онҳоро аз ин маърака огоҳ накардаанд, чун сухан аз саломатии фарзандашон меравад.

Кӯшишҳои мо барои дастрас кардани андешаи масъулини маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бенатиҷа буд, чун ҳеҷ нафаре аз онҳо ба зангҳои мо посух надоданд.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон кӯтоҳ гуфтанд, ки “оид ба ин масъала аз ҷониби волидон ё шаҳрвандон ягон шикоят ворид нашудааст”.

“Дар сурати пеш омадани ҳар гуна мушкил шаҳрвандон метавонанд, ба рақамҳои боварии 227 – 76 – 86 занг зада, ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муроҷиат кунанд”, – зикр намуд як масъули Вазорати маориф ва илм.

Ин чӣ дору аст ва дар куҷо истеҳсол шудааст?

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз 1 то 5-уми май дар саросари ҷумҳурӣ чорабинии бекирмгардонӣ ҷиҳати паст намудани сатҳи паҳншавӣ ва сироятёбӣ ба бемориҳои гелминтӣ гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар ин маърака ба кӯдакони аз 7 то 11-сола барои резонидани кирмҳо доруи “Мебендазол” дода мешавад.

Мувофиқи маълумотҳои омории пешниҳодшуда, теъдоди кӯдаконе, ки ба ин чорабинӣ фаро гирифта мешаванд, 1 миллиону 203 ҳазору 226 нафарро ташкил медиҳад.

Маводи дорувории “Мебендазол” истеҳсоли ширкати дорусозии “Janssen-Cilag” (Белгия) буда, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба таври ройгон ба муассисаҳои зерсохтор таъмин гардидааст.

Чӣ қадар бояд истеъмол кард?

Холмирзо Давлатов, директори “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ”-и Вазорати тандурустӣ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, доруи “Мебендазол” ба мактаббачагон хамчун пешгирӣ бемории гелминтӣ (профилактикь) дода мешавад. Дар хотир бояд дошт, ки пешгирӣ бо доруҳои антигельминтикь барои ҳама ду маротиба дар як сол – баҳор ва тирамоҳ тавсия дода мешаваду халос.

Ба қавли ин духтур, ин дору баҳри пешгирии бемории гелминтӣ, яъне кирм барои калонсолон ва кӯдакони аз 10 сола боло дар вояи 100 мг як маротиба тавсия дода мешавад. Барои кӯдакони аз 2 то 10 сола – дар вояи 25-50 мг як маротиба истеъмоли он тавсия аст. Дар ҳолати эҳтимолияти баланди беморӣ, пас аз 2-4 ҳафта бо ҳамон вояи такрорӣ бояд ин доруро истеъмол намуд.

“Истеъмоли он ҳеҷ бадие надорад. Бояд гуфт, ки кирмҳо барои одамон хеле хатарноканд, онҳо системаи иммуниро вайрон мекунанд. Моддаҳои муфид ва витаминҳоеро, ки бо ғизо ба мо меоянд, азхуд мекунад. Норасоии доимии микроэлементҳо, аз қабили йод ва кремний дар организм мегардад.  Ва яке аз аломатҳои пайдоиши кирмҳо дар бадан ин беҳолии доимӣ ва хоболудӣ мебошад”, – гуфт Холмирзо Давлатов.

Ин масъули вазорати тандурустӣ мегӯяд, ҳар 2 сол як маротиба дар байни гуруҳҳои мақсаднок (кӯдакони 7-10-сола) аз тарафи мутахассисони Марказ дар 10 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ интихобан тадқиқоти гелминтологӣ гузаронида мешавад.

“Тибқи тадқиқотҳо ва маълумотҳои оморӣ паҳншавии бемориҳои гелминтозӣ аз шумораи умумии сироятёфтагон дар байни кӯдакону наврасони то 18-сола дар ҷумҳурӣ ҳамасола то 70 фисадро ташкил медиҳад. Аз бемориҳои гелминтозӣ бештар: энтеробиоз (40-45%) ва аскаридоз (35-40%)-ро ташкил медиҳад ва пешгирию табобат бо маводи дорувории “Мебендазол” дар ин маврид натиҷаи хуб медиҳад”, – зикр намуд Давлатов.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио