“Равшан”-и Кӯлоб ба Суперҷоми футболи Тоҷикистон соҳиб шуд

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб Суперҷоми футболи Тоҷикистон-2023-ро ба даст овард, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон. Гуфта мешавад, дар бозӣ барои дарёфти 14-умин Суперҷом “Равшан” бо ҳисоби 1:0 бар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дастболо шуд. Вохӯрии мазкур рӯзи 6 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури 9 ҳазору 200 нафар тамошобинон баргузор шуд. Муаллифи голи ягона дар […]

Asia-Plus

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб Суперҷоми футболи Тоҷикистон-2023-ро ба даст овард, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар бозӣ барои дарёфти 14-умин Суперҷом “Равшан” бо ҳисоби 1:0 бар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дастболо шуд.

Вохӯрии мазкур рӯзи 6 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури 9 ҳазору 200 нафар тамошобинон баргузор шуд. Муаллифи голи ягона дар ин бозӣ ҳамлагари “Равшан” Амирҷон Сафаров мебошад.

Дарвозабони украинии “Равшан” Евгений Гритсенко беҳтарин бозингари вохӯрии 1XBet-Суперҷоми Тоҷикистон-2023 дониста шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.