Имрӯз дар Душанбе фестифали “Навои Шашмақом” баргузор мешавад

Имрӯз, 12-уми май, ба ифтихори Рӯзи Шашмақом дар Душанбе фестивали “Навои Шашмақом” баргузор мешавад. Дар ин бора аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, фестивали мазкур соати 18:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев оғоз мешавад. Вуруд ба консерт бо даъватнома ва чипта аст. “Дар фестивали “Навои Шашмақом” Ансамбли […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 12-уми май, ба ифтихори Рӯзи Шашмақом дар Душанбе фестивали “Навои Шашмақом” баргузор мешавад. Дар ин бора аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, фестивали мазкур соати 18:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев оғоз мешавад. Вуруд ба консерт бо даъватнома ва чипта аст.

“Дар фестивали “Навои Шашмақом” Ансамбли “Шашмақом”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва шашмақомсароёни маъруф аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Бохтар ва Душанбе ширкат меварзанд”, – гуфтанд аз Филармония.

Тавре масъулин афзуданд, дар доираи ин фестивал шашмақомсароён қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, Шашмақом – мусиқии суннатии миллати тоҷик аст ва аксари таронаҳои он дар бораи ишқу ирфон суруда мешавад. Дар ин навъи мусиқӣ созҳои рубоб, барбат, доира, даф ва танбур ба кор бурда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки Шашмақом аз мақомҳои бузрук, рост, наво, дугоҳ, сегоҳ ва ироқ ташкил шудааст. Шашмақом гоҳо ба ҳайси мусиқии ҳол ва “Қуръон”-и мусиқӣ ёд мешавад.

ЮНЕСКО соли 2000 Шашмақомро дар феҳристи кӯҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва ҳамчунин, меъроси ғайримодӣ сабт кард. Он аз ҷониби аксари мусиқишиносон ҳамчун шоҳкории фарҳангӣ эътироф мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ҳар сол 12-уми май дар саросари кишвар чун “Рӯзи Шашмақом” таҷлил мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.