БАТР рушди ММД Тоҷикистонро дар солҳои 2023-2024 пешгӯӣ мекунад

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) рушди иқтисоди Осиёи Марказиро ба андозаи 5,2% дар соли 2023 ва 5,4% – дар соли 2024 пешгӯӣ мекунад, ки баландтарин нишондиҳандаи афзоиш миёни минтақаҳои фаъолияти бонк аст. Дар ин бора дар гузориши БАТР “Дурнамоҳои минтақавии иқтисодӣ” сухан меравад. Санад имрӯз, 16 май нашр шудааст. Дар гузориш зикр мешавад, ки рушди […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) рушди иқтисоди Осиёи Марказиро ба андозаи 5,2% дар соли 2023 ва 5,4% – дар соли 2024 пешгӯӣ мекунад, ки баландтарин нишондиҳандаи афзоиш миёни минтақаҳои фаъолияти бонк аст.

Дар ин бора дар гузориши БАТР “Дурнамоҳои минтақавии иқтисодӣ” сухан меравад. Санад имрӯз, 16 май нашр шудааст.

Дар гузориш зикр мешавад, ки рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон идома ёфта, дар соли 2023 ба 7,5% мерасад. Ҳамин гуна сатҳи афзоиш дар соли 2024 низ пешгӯӣ шудааст.

"Ба ин мизони нисбатан пасти таваррум, афзоиши талаботи Русия ба қувваи корӣ аз Тоҷикистон, боз шудани бозор (кушодани марзҳо пас аз коронавирус)-и Чин ва рушди фаъоли инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиётӣ мусоидат мекунад", – омадааст дар санад.

Аммо тавре муаллифони гузориш зикр мекунанд, хатарҳое вуҷуд доранд, ки метавонанд ба рушди иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонанд.

"Бад шудани шароити берунии марбут ба авзоъ дар Афғонистон ва ҷанг миёни Русияву Украина ва ҳамчунин мавҷудияти баъзе мушкилот дар зерсохтор, ки дар тиҷорат монеаҳо эҷод мекунанд, омилҳои муҳими хатар мебошанд", – зикр мешавад дар гузориш.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио