Сарвазири Толибон иваз шуд. Нахуствазири пешин бемор будааст

Date:

Муҳаммад Абдулкабир, яке аз масъулини баландрутбаи Толибон*, ки то имрӯз ба ҳайси муовини сиёсии нахуствазири ҳукумати сарпарасти ин гуруҳ дар Афғонистон фаъолият дошт, нахуствазир таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Муҳаммадҳасан Охундро иваз кард. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба бахши форсии BBC иттилоъ додааст.

Забеҳулло Муҷоҳид гуфтааст, “Муҳаммадҳасан Охунд дар рухсатӣ ба Қандаҳор рафт ва ба иллати беморӣ хост каме истироҳат кунад”.

Расонаҳои маҳаллии Афғонистон қаблан хабар доданд, ки Муҳаммадҳасан Охунд ба далели бемории қалб дар бемористон табобат мегирад.

Забеҳулло Муҷоҳид низ таъйид кардааст, ки сабаби “истеъфои муваққат”-и Муҳаммадҳасан Охунд беморӣ аст.

Муҳаммад Абдулкабир кист?

Дар давраи аввали ҳукмронии Толибон ӯ муовини дуюми Шӯрои вазирон, волии Нангарҳор ва раиси минтақаи шарқии Толибон буд. Мисли бисёре аз раҳбарони Толибон, ӯ дар феҳристи таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад ва ба тарҳрезии чандин ҳамлаҳои хунини ин гурӯҳ дар 20 соли охир муттаҳам мешавад. Ӯ яке аз масъулини аршади ҳайати музокиракунандаи Толибон бо ИМА дар шаҳри Давҳа буд. Баъди ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон дар тобистони соли 2021, ӯ муовини сиёсии сарвазир таъин гардид.

Зикр бояд кард, ки Муҳаммадҳасан Охунд чанде пеш бо Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ, нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии давлати Қатар дар Қандаҳор, на пойтахт – Кобул, мулоқот кард.

Баъди ин мулоқот гуфтугузорҳо дар хусуси интиқоли эҳтимолии пойтахт аз Кобул ба Қандаҳор афзоиш ёфт. Маврид ба зикр аст, ки Ҳайбатуллоҳ Охунзода, роҳбари Толибон ва дафтари ӯ дар Қандаҳор мустақар аст ва бисёре аз ҳайатҳои хориҷӣ маҳз ба ин шаҳр сафар мекунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...