Сарвазири Толибон иваз шуд. Нахуствазири пешин бемор будааст

Муҳаммад Абдулкабир, яке аз масъулини баландрутбаи Толибон*, ки то имрӯз ба ҳайси муовини сиёсии нахуствазири ҳукумати сарпарасти ин гуруҳ дар Афғонистон фаъолият дошт, нахуствазир таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Муҳаммадҳасан Охундро иваз кард. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба бахши форсии BBC иттилоъ додааст. Забеҳулло Муҷоҳид гуфтааст, “Муҳаммадҳасан Охунд дар рухсатӣ ба […]

Муҳаммад Абдулкабир, яке аз масъулини баландрутбаи Толибон*, ки то имрӯз ба ҳайси муовини сиёсии нахуствазири ҳукумати сарпарасти ин гуруҳ дар Афғонистон фаъолият дошт, нахуствазир таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Муҳаммадҳасан Охундро иваз кард. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба бахши форсии BBC иттилоъ додааст.

Забеҳулло Муҷоҳид гуфтааст, “Муҳаммадҳасан Охунд дар рухсатӣ ба Қандаҳор рафт ва ба иллати беморӣ хост каме истироҳат кунад”.

Расонаҳои маҳаллии Афғонистон қаблан хабар доданд, ки Муҳаммадҳасан Охунд ба далели бемории қалб дар бемористон табобат мегирад.

Забеҳулло Муҷоҳид низ таъйид кардааст, ки сабаби “истеъфои муваққат”-и Муҳаммадҳасан Охунд беморӣ аст.

Муҳаммад Абдулкабир кист?

Дар давраи аввали ҳукмронии Толибон ӯ муовини дуюми Шӯрои вазирон, волии Нангарҳор ва раиси минтақаи шарқии Толибон буд. Мисли бисёре аз раҳбарони Толибон, ӯ дар феҳристи таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад ва ба тарҳрезии чандин ҳамлаҳои хунини ин гурӯҳ дар 20 соли охир муттаҳам мешавад. Ӯ яке аз масъулини аршади ҳайати музокиракунандаи Толибон бо ИМА дар шаҳри Давҳа буд. Баъди ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон дар тобистони соли 2021, ӯ муовини сиёсии сарвазир таъин гардид.

Зикр бояд кард, ки Муҳаммадҳасан Охунд чанде пеш бо Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ, нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии давлати Қатар дар Қандаҳор, на пойтахт – Кобул, мулоқот кард.

Баъди ин мулоқот гуфтугузорҳо дар хусуси интиқоли эҳтимолии пойтахт аз Кобул ба Қандаҳор афзоиш ёфт. Маврид ба зикр аст, ки Ҳайбатуллоҳ Охунзода, роҳбари Толибон ва дафтари ӯ дар Қандаҳор мустақар аст ва бисёре аз ҳайатҳои хориҷӣ маҳз ба ин шаҳр сафар мекунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.