Коҳиши назарраси ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи соли равон зиёда аз 2,1 млрд долларро ташкил дод, ки 67,2 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Коҳиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар навбати аввал, ба камшавии содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба андозаи 33,2% […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи соли равон зиёда аз 2,1 млрд долларро ташкил дод, ки 67,2 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Коҳиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар навбати аввал, ба камшавии содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба андозаи 33,2% (214 млн доллар) рабт дода мешавад. Давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар ба маблағи 430,5 млн доллар маҳсулот содир шудааст.

Воридот низ дар ҳаҷми нисбатан муътадил – 9,5% (146,6 млн. доллар) коҳиш ёфтааст. Дар ин муддат ба кишвар ба маблағи ҳудуди 1,7 млрд доллар молу маҳсулот ворид шудааст.

Ҳамин тариқ, тавозуни манфии савдо қариб ба 1,3 млрд доллар расид.

Нисбатан бештар содироти маҳсулоти чорводорӣ ва растанӣ, аз ҷумла пахта, маҳсулоти минералӣ, аз ҷумла неруи барқ, фулузот (металлҳо)-и арзон (алюминий) ва маснуот аз он коҳиш ёфтааст.

Ҳаҷми воридот асосан дар натиҷаи коҳиши интиқоли маҳсулоти саноати кимиё, орд, чарбу ва равған кам шудааст.

Давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 102 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Шарики асосӣ Русия боқӣ мемонад, ки дар ин давра ҳаҷми савдои дуҷониба бо ин кишвар зиёда аз 512 млн долларро ташкил додааст.

Дар ин давра байни Тоҷикистон ва Чин ба маблағи 458 млн доллар, Қазоқистон – 319 млн доллар, Ӯзбекистон – 130 млн доллар ва Туркия – 125 млн доллар савдои дуҷониба сурат гирифтааст.

Дар байни панҷгонаи шарикони асосии тиҷоратӣ дар зарфи 4 моҳи соли ҷорӣ афзоиши гардиши мол бо Русия ба андозаи 7,5%, Чин – 2,1% ва Туркия – 6,3% ба қайд гирифта шудааст.

Ҳаҷми савдои дуҷониба бо Қазоқистон ба андозаи 15,1% ва Ӯзбекистон – 25,7% коҳиш ёфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио