Пешниҳоди баробар кардани маоши муҳоҷирон ва шаҳрвандони кишвар дар Русия

Роҳбари ҳизби "Справедливая Россия – За правду" Сергей Миронов ба сарвазири кишвар Михаил Мишустин бо пешниҳоди уҳдадор кардани корфармоҳо ба муқаррар намудани маоши муҳоҷирони корӣ на камтар аз маоши шаҳрвандони Русия муроҷиат намудаааст. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба нусхаи муроҷиати мазкур хабар медиҳад. “Пешниҳод мешавад, ки дар сатҳи қонунгузорӣ корфармоён вазифадор карда […]

РИА Новости

Роҳбари ҳизби "Справедливая Россия – За правду" Сергей Миронов ба сарвазири кишвар Михаил Мишустин бо пешниҳоди уҳдадор кардани корфармоҳо ба муқаррар намудани маоши муҳоҷирони корӣ на камтар аз маоши шаҳрвандони Русия муроҷиат намудаааст. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба нусхаи муроҷиати мазкур хабар медиҳад.

“Пешниҳод мешавад, ки дар сатҳи қонунгузорӣ корфармоён вазифадор карда шаванд, ки сатҳи музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатиро на камтар аз маоши шаҳрвандони Русия дар вазифаҳои якхела дар субъекти дахлдори Русия муқаррар кунанд”, – зикр мешавад дар санад.

Дар сурати риоя нашудани ин меъёр, Миронов пешниҳод кардааст, ки ҷарима таъин шуда, он барои беҳбуди зиндагии оилаҳои серфарзанд равона гардад.

Илова бар ин, Миронов пешниҳод мекунад, ки фонди беҳбуди вазъи демографӣ ва дастгирии оилаҳои серфарзанд таъсис дода шавад. Ба ақидаи ӯ, пур кардани ин фондро метавон, аз ҷумла тавассути андози изофӣ барои корфармоёне, ки аз кори муҳоҷирон истифода мекунанд, амалӣ кард.

Ҳамин тариқ, корфармо ҳар моҳ “ба интиқоли 2% аз даромади муҳоҷирони меҳнатии кирокардааш уҳдадор мешавад".

Миронов зикр кардааст, ки бо татбиқи андози иловагӣ "хатари рушди бахши соягӣ (пинҳонӣ)-и иқтисод" вуҷуд дорад ва аз ин рӯ, вакили парлумон ба сарвазир пешниҳод кардааст, ки як варианти алтернативӣ: ҷорӣ кардани комиссияи давлатии 1%-ро барои интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирон ба кишварҳои дигар баррасӣ намояд.

Ба гуфтаи Миронов, "муҳоҷирони корӣ бо интиқоли пул ба кишварҳои дигар ба заиф шудани имконоти  иқтисодии Русия мусоидат мекунанд".

Раҳбари ҳизб ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки ҷаримаи корфармоён барои пардохт накардани ҳаққи суғуртаи коргарони хориҷӣ аз 20% то 100% аз маблағи ҳаққи пардохтнашуда зиёд карда шавад.

Миронов таъкид доштааст, ки амалисозии ин пешниҳодҳо ҳам мушкили таназзули демографӣ ва ҳам афзоиши муҳоҷирати кориро ҳал хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, афзоиши ҷараёни муҳоҷират паёмадҳои фалокатбор хоҳад дошт.

"Афзоиши минбаъдаи ҷараёни муҳоҷират дар баробари коҳиши минбаъдаи аҳолии Русия барои мавҷудияти мардуми давлатсози Русия, ки хатари бо мурури замон мақоми худро аз даст доданро доранд, оқибатҳои фалокатбор хоҳад дошт", – гуфтааст Миронов ба РИА Новости.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.