Муқоисаи нархи Ҳаҷ-2023 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия

Бо оғози мавсими Ҳаҷ баҳси маблағи он доғ мешавад.  Имсол низ ин чиз истисно набуд ва баъди ҷудо кардани 7 ҳазор квотаи Ҳаҷ-2023 аз ҷониби Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баҳси харҷи он рӯй зад. Билохира, чанд рӯз пеш Кумитаи дини кишвар эълон кард, ки мабалғи Ҳаҷ-2023 59 ҳазор сомонӣ ва ё 5,4 ҳазор доллари ИМА […]

Asia-Plus

Бо оғози мавсими Ҳаҷ баҳси маблағи он доғ мешавад.  Имсол низ ин чиз истисно набуд ва баъди ҷудо кардани 7 ҳазор квотаи Ҳаҷ-2023 аз ҷониби Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баҳси харҷи он рӯй зад. Билохира, чанд рӯз пеш Кумитаи дини кишвар эълон кард, ки мабалғи Ҳаҷ-2023 59 ҳазор сомонӣ ва ё 5,4 ҳазор доллари ИМА аст.

Маблағи мазкур хароҷоти аввалияи зоиронро дар мавсими ҳаҷ, аз билети рафту баргашт то меҳмонхона дар Макка ва Мадина, қурбонии ҳоҷиён, бима ва боҷи давлатӣ дар бар мегирад.

Ин нарх нисбат ба соли гузашта 1 ҳазору 520 сомонӣ арзонтар аст, вале назар ба баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ қиммат ба назар мерасад. Бо ишора ба ин, “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки нархи Ҳаҷҷи фарзӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар соли 2023 муқоиса кунад.

Ёдовар мешавем, ки нархи ҳаҷҷи фарзӣ вобаста ба сифати хидматрасониҳои кишварҳо фарқ мекунад. Масалан, бо маблағи 4,9 ҳазор доллар ширкатҳои русӣ ба зоирон танҳо ду вақт хӯрок медиҳад ва меҳмонхонааш аз ҳарам дур аст. Аммо ба маблағи 9,9 ҳазор доллар ширкатҳои русӣ ба зоирон се вақт хӯрок ва меҳмонхонаи панҷситорадор ваъда медиҳанд.

Мавсими Ҳаҷ-2023 тамоми моҳи июн сурат хоҳад гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.