Мақомот тоҷикони дар ҷанги Русияву Украина ширкатдоштаро рӯйхат мекунанд

Ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи якҷояи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мавзӯи ҷалби тоҷикон ба ҷанги Русияву Украина баррасӣ шуда, мақомот ба таҳияи рӯйхати он шаҳрвандоне шурӯъ кардаанд, ки аз ҷониби Русия ё Украина дар ҷанги миёни ду кишвар иштирок доранд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба чанд манбаи худ хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ин […]

Asia-Plus

Ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи якҷояи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мавзӯи ҷалби тоҷикон ба ҷанги Русияву Украина баррасӣ шуда, мақомот ба таҳияи рӯйхати он шаҳрвандоне шурӯъ кардаанд, ки аз ҷониби Русия ё Украина дар ҷанги миёни ду кишвар иштирок доранд.

Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба чанд манбаи худ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин тасмим, пас аз даъват ба таъсиси “баталйони тоҷикӣ” аз ҷониби Михаил Матвеев, вакили порлумони Русия, ҷиддӣ гирифта шудааст.

Ӯ бо нидои “Баталйонҳои тоҷикон куҷоянд?” суол гузошт, ки “Чаро муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар доираи сафарбарии ҷузъӣ ба минтақаи амалиёти махсус даъват намешаванд?” Ин даъвати ӯ байни ҷомеа баҳси тундеро ба миён овард.

“Дар ҷаласа ба хулоса расиданд, ки минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби Русия ё Украина дар ҷанг иштирок мекунанд, рӯйхат шаванд. Ба монанди онки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Сурияву Ироқ рафта буданд. Гуфта шуд, ки нисбат ба онҳо барои иштирок дар ҷанги кишварҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ боз шавад",—гуфтааст яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, ки нахост номаш зикр шавад.

Онҳо гуфтаанд, ки ба зидди шахсоне, ки шаҳрвандии Русия ё Украинаро доранд, парванда боз нахоҳад шуд, балки ин тасмим танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон равона шудааст.

Наздикони ду маҳбуси тоҷик, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанг дар Украина ҷалб шудаанд, гуфтаанд, бо онҳо намояндагони КДАМ дар вилояти Хатлон суҳбат кардаанд. Ба гуфтаашон, намояндагони мақомот аз онҳо мушаххасоти наздикони зиндонияшонро пурсидаанд.

“Гуфтанд, ки кай рафт, ҳоло дар куҷо аст, занг мезанад ё намезанад. Нагуфтанд, ки парванда мекунем, вале тамоми маълумотро дар борааш пурсида, навиштанд,” –гуфтааст яке аз онҳо.

Мақомот тасмими кушодани парвандаро алайҳи тоҷиконе, ки аз ҷониби Русия ё Украина ҷанг мекунанд, расман шарҳ намедиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ошкоро дар мавриди ҳамлаи Русия ба Украина мавқеъгирӣ накардаанд, вале дар оғози ин ҷанг бидуни ном бурдан аз кишваре танҳо ҳушдор дода буданд, ки "иштирок дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ" ҷиноят аст.

Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби Украина ё Русия дар ҷанг иштирок мекунанд, маълум нест. То ин дам ҳалокати даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла маҳбусони тоҷик, дар ҷанг расонаӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи қонунгузории Тоҷикистон ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ҷиноят аст ва мақомоти Тоҷикистон ҳам чандин маротиба аз шаҳрвандони худ, махсусан муҳоҷирон талаб карданд, ки дар ҷанги давлатҳои дигар ширкат накунанд, чунки тибқи қонунгузории Тоҷикистон (моддаи 401. Зархаридӣ) он ҷиноят ҳисобида шуда, барои он аз 12 то 20 соли зиндон пешбинӣ гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.