spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Азимтарин корхонаи металлургии Тоҷикистону Чин ба кори муқаррарӣ гузашт

Корхонаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистону Чин, ки баъди ба фаъолият шуруъ карданаш аз соли 2017 ба ин тараф кори муназзам надошт, ба реҷаи махсуси фаъолият шуруъ кардааст. Дар ин бора раиси шаҳри Истиқлол Даврон Зоҳидзода дар нишасти мутбуотӣ хабар дод.

Оғози соли ҷорӣ мақомоти шаҳри Истиқлол аз суст шудани кор дар ин корхона нигаронии амиқ карда гуфта буданд, ки ба далели барои онҳо норӯшан корхона давоми ду сол аст, ки фаъолият намекунад.

Даврон Зоҳидзода гуфт, дар пайи гуфтушуниди мақомот бо роҳбарияти корхона онҳо аз охири моҳи май ба кори муқаррарӣ шуруъ карданд ва дар шаш моҳи имсол дар корхона 199 тонна сурб ва 18 тонна руҳ истеҳсол шудааст.

Ӯ иттилоъ дод, ки шумори кормандони корхона ба 423 нафар расида, 215 нафари он сокинони маҳаллӣ, боқимонда чиниҳо ҳастанд ва музди миёнаи корӣ дар ин корхона 1438 сомонӣ аст.

“Аз рӯйи талаботи техникӣ баъзе муаммоҳо ҳаст, аз ҷумла тоза кардани оташдонҳое мебошад, ки дар он ҷо металл гудохта мешавад. Ин кор то як ҳафта фаъолияти корхонаро бозмедорад. Лекин бояд бо низоми худашон корро сар кунанд. Имрӯз дар худи корхона 3 ҳазор тонна консентрат доранд. Ҳаҷми истеҳсоли моҳонаи маҳсулоташон наздик ба 300 тонна аст”, – гуфт Зоҳидзода.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Истиқлол, давоми шаш моҳи имсол ин корхона ба буҷети маҳаллӣ 5,5 млн сомонӣ маблағ ворид кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Даврон Зоҳидзода

Ин корхонаи металлургӣ дар баробари истихроҷи канданиҳои фоиданоки кӯҳҳои шаҳри Истиқлол, дар назди Тоҷикистон уҳдадориҳои махсус дорад. Аз ҷумла бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ дар шаҳр ва таъмиру навсозии даҳҳо километр роҳҳо яке аз уҳдадориҳои корхона маҳсуб меёбад. Даврон Зоҳидзода гуфт, баъди дигарбора ба фаъолияти муқаррарӣ шуруъ кардан ин корхона ба иҷрои уҳдадориҳояш низ пардохт.  

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тақдири норӯшани бузургтарин корхонаи Чину Тоҷикистон

“Аз рӯйи шартномаи тарафайн 4 майи соли равон бо иштироки раиси вилоят хишти аввали сохтмони кӯдакистон дар шаҳри Истиқлол барои 170 нафар гузошта шуд. Имрӯз корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад ва мутобиқи шартнома 1 сентябр кӯдакистон бояд ба истифода дода шавад. Ин яке аз ӯҳдадориҳои “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” аст, ки иҷро карда истодааст”, – иброз дошт раиси шаҳр.

Корхонаи металлургии Тоҷикистону Чин соли 2017 бо харҷи 57 млн доллар сармояи Чин дар шаҳри Истиқлол (Табошари пешин)-и вилояти Суғд бунёд шуда, соли 2020 ба далели пандемияи  коронавирус ва солҳои пешин ба далели дигар кор намекард.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар марҳилаи нахустини фаъолият корхона истеҳсоли металли сурбро ба роҳ монд, ки иқтидори лоиҳавӣ дар як сол 50 ҳазор тонна металли сурбро ташкил медиҳад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...