Дар Душанбе қабули муҳоҷирон барои супоридани имтиҳон аз забони русӣ оғоз шуд

Аз 29 май дар Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон қабули хоҳишмандон барои супоридани имтиҳон (гузаштан аз тест) аз забони русӣ оғоз шуд. Имтиҳон дар ҳамдастӣ бо Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург гузаронида мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Марказ. Ба иттилои манбаъ, […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Аз 29 май дар Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон қабули хоҳишмандон барои супоридани имтиҳон (гузаштан аз тест) аз забони русӣ оғоз шуд.

Имтиҳон дар ҳамдастӣ бо Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург гузаронида мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Марказ.

Ба иттилои манбаъ, гувоҳнома (сертификат) дар бораи донистани забони русӣ, ки тоҷикистониён ба он соҳиб мешаванд, барои анҷоми фаъолияти корӣ дар Русия, гирифтани Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП), Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) патент ё иҷозатнома барои кор лозим аст.

Зикр шуд, ки муҳлати коршоямии гувоҳномаи донистани забони русӣ барои гирифтани патент 3 сол буда, 1500 рубл арзиш дорад (маблағ бо сомонӣ тибқи қурби рӯзи супоридани имтиҳон пардохт мешавад), гувоҳномаҳои донистани забони русӣ барои гирифтани РВП ва ВНЖ бемуҳлат буда, 2000 рубли Русия нарх дорад.

“Бартариҳои дарёфти шаҳодатнома дар худи Тоҷикистон, дар баробари сарфаи маблағ ва вақт ин аст, ки дар маркази Душанбе ба муҳоҷирон дар сурати мушкили супоридани имтиҳон кумак расонида мешавад. Яъне, мутахассисон бо онҳо кор мекунанд”, – гуфтанд дар марказ.

Дар ҳамин ҳол зикр карданд, ки вазифаи марказ баргузории имтиҳон-тестгирӣ ва фиристодани он ба Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мебошад.

“Ва танҳо аз ҳамон ҷо бар асоси натиҷаҳои бадастомада ггувоҳномаҳо ба Душанбе фиристода мешаванд. Муҳоҷирони тоҷик дар ин ҷо гувоҳнома гирифта, метавонанд ба Русия раванд ва дар он ҷо дигар ҳуҷҷатҳоро барои дарёфти патент, РВП, ВНЖ ва ғайра дуруст кунанд”, – гуфт манбаъ.

Дар робита ба баргузории тест дар марказ изҳор намуданд, ки ҳамааш ба интихоби гурӯҳҳо вобаста аст.

“Агар сафи хоҳишмандон аз 10 то 20 нафар шавад, метавон ҳатто ҳар рӯз баргузор намуд. Ҳамааш ба шумори хоҳишмандон вобаста аст”, – гуфт манбаъ.

Қаблан зикр гардида буд, ки баргузории имтиҳон оид ба донистани забони русӣ дар доираи созишномаи имзошуда дар моҳи декабри соли гузашта бо Маркази тести забони русии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург сурат мегирад.

Суроғаи Марказ:  ш. Душанбе, кӯч. Айнӣ, х. 121. Телефонҳо барои сабтином ба имтиҳон: 225-05-75, 225-02-21, 225-07-33.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.