Аз “андоз аз Google” буҷети Қирғизистон имсол 600 ҳазор доллар даромад гирифт. Дар Тоҷикистон чӣ?

Аз моҳи январ то апрели соли равон аз ширкатҳои хориҷӣ ба буҷети Қирғизистон дар шакли ба истилоҳ “андоз аз Google” зиёда аз 58,5 млн сом (668 ҳазор доллар) маблағ ворид шуд, хабар медиҳад Akchabar.kg. Гуфта мешавад, маблағи мазкур 24,5 маротиба зиёдтар аз нишондиҳандаи 4 моҳи аввали соли 2022 (2,4 млн сом ё худ 27 ҳазор […]

Asia-Plus

Аз моҳи январ то апрели соли равон аз ширкатҳои хориҷӣ ба буҷети Қирғизистон дар шакли ба истилоҳ “андоз аз Google” зиёда аз 58,5 млн сом (668 ҳазор доллар) маблағ ворид шуд, хабар медиҳад Akchabar.kg.

Гуфта мешавад, маблағи мазкур 24,5 маротиба зиёдтар аз нишондиҳандаи 4 моҳи аввали соли 2022 (2,4 млн сом ё худ 27 ҳазор доллар) аст.

“Афзоиши пардохтҳо аз рӯи Андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ самаранокии “андоз аз Google”-ро нишон медиҳад”, – хулоса мекунанд коршиносон.

Бино ба маълумоти Хадамоти давлатии андози Қирғизистон, соли гузашта танҳо якчанд ширкатҳои бузурги хориҷии IT (технологияҳои иттилоотӣ) аз қабили Яндекс Go ва Adobe ба буҷети ҷумҳурӣ беш аз 85 млн сом (970 ҳазор доллар) маблағ интиқол доданд.

Шумори андозсупорандагон (резидентҳо) ҳам зиёд мешавад. Агар дар нимаи моҳи октябри соли 2022 15 корхонаи хориҷӣ ба сифати андозсупоранда ба қайд гирифта шуда буданд, пас дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар рӯйхати мазкур 39 ширкат номнавис шудаанд.

“Андоз аз Google” дар Қирғизистон барои ташкилотҳои хориҷие, ки ба корбарони маҳаллӣ аз хориҷи кишвар хидматрасонии электронӣ пешниҳод мекунанд, аз 1 январи соли 2022 ҷорӣ шуда буд.

Дар Тоҷикистон чӣ?

Тағйироти вобаста ба “андоз аз Google” дар Тоҷикистон ҷиҳати андозбандии ширкатҳои хориҷӣ барои пешниҳоди хидматрасониҳои электронӣ аввали соли 2021 мавриди амал қарор гирифтанд.

То охири соли 2021 аллакай 21 чунин андозсупор ба қайд гирифта шуд.

Ширкатҳои хориҷӣ аз қабили Google, YouTube, Facebook, Instagram, Apple ва дигарон соли 2021 ба Тоҷикистон зиёда аз 2 млн сомонӣ (беш аз 159,9 ҳазор доллар) ААИ аз ҳисоби даромад аз хидматрасониҳои электронӣ пардохт намуданд.

Дар зарфи 6 моҳи соли 2022 аз ҳисоби ширкатҳои хорҷии машғул ба пешниҳоди хидматрасониҳои электронӣ дар Тоҷикистон ба буҷети давлатии ҷумҳурӣ зиёда аз 1,5 млн сомонӣ (146 ҳазор доллар) ААИ пардохт шуд.

Маълумоти соли гузашта ва ҳамчунин давраи панҷ моҳи соли равон дар ин бора дасрас нест.

Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, то 1 августи соли 2022 дар низоми андози Тоҷикистон 23 ширкати хориҷии машғул ба хидматрасонии электронӣ, аз ҷумла Google Commerce Limited, Meta Platforms Irland Limited, Apple Distribution International Limited, Netflix International B.V., Amazon Web Services EMEA SARL ва дигарон ба қайд гирифта шудаанд.

Хидматрасониҳои электронӣ аз фурӯши китобҳои электронӣ ва дигар файлҳои медиавии электронӣ (мундариҷаи рақамӣ), интиқоли ҳуқуқҳо барои истифодаи барномаҳо, таблиғ (реклама), дастгирии сайт, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот, омор, домен ва хостинг, дастрасӣ ба системаҳои ҷустуҷӯӣ, соҳаи IT ва ғайра иборатанд. Яъне ҳамаи ин хизматрасониҳое, ки тавассути Интернет пешниҳод карда мешаванд.

Мувофиқи Кодекси андози Тоҷикитсон, ки аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт, меъёри стнадартии ААИ барои ширкатҳои хориҷие, ки мустақиман ё бавосита (ба воситаи агентҳои худ) ба шахсони воқеӣ тариқи онлайн хидматрасониҳо пешниҳод мекунанд, 15%-ро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.