БАТР роҳбари нави худро дар Тоҷикистон таъин кард

Холгер Вифел роҳбари Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ аз 1 июли соли 2023 ба иҷрои вазифаҳои худ дар Душанбе шурӯъ мекунад. “Мехоҳам, ки таҷрибаи касбӣ ва минтақавии доштаамро барои пешбурди ҳадафҳои аоссии мо дар Тоҷикистон истифода барам. Инҳо иборатанд аз, ҷорисозии технологияҳои “сабз”, рақамикунонӣ, дастрасии беҳтар ба маблағгузорӣ барои корхонаҳои […]

Иттилоияи расмӣ

Холгер Вифел роҳбари Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ аз 1 июли соли 2023 ба иҷрои вазифаҳои худ дар Душанбе шурӯъ мекунад.

“Мехоҳам, ки таҷрибаи касбӣ ва минтақавии доштаамро барои пешбурди ҳадафҳои аоссии мо дар Тоҷикистон истифода барам. Инҳо иборатанд аз, ҷорисозии технологияҳои “сабз”, рақамикунонӣ, дастрасии беҳтар ба маблағгузорӣ барои корхонаҳои хурду миёна, дастгирии занони соҳибкор, баланд бардоштани устуворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим ва таҷдиди зерсохтори калидӣ ва ин танҳо чанде аз онҳост. Ин як даъватест, ки ман онро ҳақиқатан ҳам интизорам”, – гуфтааст ҷаноби Вифел.

Холгер Вифел шаҳрванди Олмон буда, соли 2013 аз муассисаи махсуси қарздиҳӣ ба корхонаҳои хурду миёнаи IPC GmbH бо таҷрибаи ғании касбии андӯхта ҳангоми фаъолият дар минтақаҳое чун Қафқоз, Чин ва Аврупои Шарқӣ ба БАТР омадааст.

Ӯ ба ҳайси ҳамоҳангсози барномаҳои қарздиҳии БАТР ба тиҷорати хурд дар минтақаи бузург аз Украина то Осиёи Марказӣ кор кардааст.

Ахиран ба сифати роҳбари Гурӯҳи маблағгузорӣ ва рушди тиҷорати хурду миёна дар Осиёи Марказӣ ва Муғулистон фаъолият дошт.

Ҷаноби Вифел дорои маълумоти олии иқтисодӣ, дараҷаи магистри маъмурикунонии кории Мактаби тиҷорати Мангейм (Олмон) ва Донишгоҳи Тунсзии Шанхай (Чин) мебошад.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз БАТР ба Тоҷикистон дар доираи 158 лоиҳа 892 млн евро маблағгузорӣ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио