Дар Қирғизистон аз табаддулоти давлатӣ пешгирӣ шуд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иштирокчиёни эҳтимолии табаддулоти давлатиро боздошт мекунад. Дар ин бора ба Kaktus.media манбаъҳои худӣ хабар додаанд. Ба иттилои нашрия, боздоштҳо рӯзи 5 июн сурат гирифтаанд. “Маълум аст, ки як гурӯҳи шахсон ба гирифтани ҳокимият бо роҳи зӯрӣ омодагӣ мегирифтанд, иштирокиёни фаъол боздошт шуда истодаанд”, – хабар додааст манбаи нашрия. Аммо ӯ […]

Asia-Plus

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иштирокчиёни эҳтимолии табаддулоти давлатиро боздошт мекунад. Дар ин бора ба Kaktus.media манбаъҳои худӣ хабар додаанд.

Ба иттилои нашрия, боздоштҳо рӯзи 5 июн сурат гирифтаанд.

“Маълум аст, ки як гурӯҳи шахсон ба гирифтани ҳокимият бо роҳи зӯрӣ омодагӣ мегирифтанд, иштирокиёни фаъол боздошт шуда истодаанд”, – хабар додааст манбаи нашрия.

Аммо ӯ аз ифшои ному насаби фаъолон ва ҳаммаслакони табадуллоти давлатии эҳтимолӣ ва инчунин ба кадом сиёсатмадор марбут будани он маълумот надодааст.

Дар бораи боздошти ҳадди ақал 10 нафар хабар дода мешавад.

Мақомот ин масъаларо ҳоло расман шарҳ намедиҳанд. Лекин далели боздоштҳо бо сабтҳои видеои дар шабака нашргардида тасдиқ мешавад.

Қобили зикр аст, ки тайи 20 соли ахир ҳокимият дар Қирғизистон се маротиба бо роҳи зӯроварӣ иваз шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.