Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия масоили муҳоҷират ва мушкилоти алоқаманд ба онро баррасӣ карданд

Муҳоҷират ва мушкилоти алоқаманд ба он яке аз масъалаҳое, буд ки зимни ҷаласаи мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид. Ҷаласаи мазкур бо иштироки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия рӯзи 5-уми июн, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд. Аммо тафсилоти баррасии мавзӯи муҳоҷират ва […]

Asia-Plus

Муҳоҷират ва мушкилоти алоқаманд ба он яке аз масъалаҳое, буд ки зимни ҷаласаи мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид.

Ҷаласаи мазкур бо иштироки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия рӯзи 5-уми июн, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд.

Аммо тафсилоти баррасии мавзӯи муҳоҷират ва мушкилоти он ироа нагардидааст.

Сомонаи ВКД-и Тоҷикистон менависад, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин, масъалаҳои муборизаи дастаҷамъона бар зидди хатарҳои замони муосир аз қабили терроризму эктремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъдаи мақомотҳои корҳои дохилии ду кишвари дӯст барои боздошти ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда, истифода аз малакаи касбии сохторҳои ташхиси криминалистӣ, тафтишоту таҳқиқ, хадамоту дастгоҳҳои оперативӣ ва алоқа баррасӣ гардиданд.

“Намояндагони масъули Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар зимни суханрониашон аз таъсиси чунин мушовараи муштарак изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории мушовараҳоро дар наздик намудани муносибатҳои пайвандӣ ва кории ду кишвар арзёбӣ намуданд”, – таъкид мешавад дар хабари сомонаи ВКД.

Пас аз анҷоми ҷаласа, роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар чанд созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида, барои гуруҳе аз журналистон нишастӣ хабарӣ ташкил кардаанд.

Бояд гуфт, ки ҷаласаи якҷояи мазкур дар пасманзари боздошту латукӯби беасоси муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Русия баргузор мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла вазири корҳои дихилӣ, прокурори генералӣ ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо ирсоли мактуб ба ҳамтоёни руси худ, тақозо карданд, ки рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ гардида, ҳодисаҳо ба таври одилона таҳқиқ карда шавад.

Мақомоти Русия то ҳол сабабу омили боздошту латукӯби оммавии муҳоҷирони тоҷикро шарҳ надодааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.