“Агарчи сахт мегуфт, вале дилсӯзона мегуфт”. Аҳли адаб аз эҷод ва рӯзгори Саттор Турсун ёд карданд

Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон шаби гузашта, 5-уми июн, дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. “Азия-Плюс” имрӯз аз аҳли зиёи кишвар дар бораи эҷоду рӯзгори пуштисаркардаи нависандаи маъруф пурсон шуд. Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, ки Саттор Турсон пас аз бузургони насри тоҷик Пӯлод Толис, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, ки шоҳкориҳо […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон шаби гузашта, 5-уми июн, дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. “Азия-Плюс” имрӯз аз аҳли зиёи кишвар дар бораи эҷоду рӯзгори пуштисаркардаи нависандаи маъруф пурсон шуд.

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, ки Саттор Турсон пас аз бузургони насри тоҷик Пӯлод Толис, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, ки шоҳкориҳо меофариданд, ба саҳнаи адабиёт омад ва тавонист, ки мавқеъи худро пайдо кунад ва мактаби эҷодияшро ба мерос монад.

“Саттор Турсун бо қалами хосаш ба майдони наср омад. Насри равоншиносӣ, ки пештар дар мо пайдо шуда буд, маҳз марҳум амиқтар омӯхт ва ба ин самт машғул шуд. Аз қисса сар карда то асарҳои бузургҳаҷмаш ҳама насри омехтаи реализму рамантизм буд ва дар ин ҷойгоҳ Саттор Турсун мақоми баландро соҳиб шуд. Ҳикояҳои “Аз субҳ то шом”, “Падар”, “Обдорӣ” ва “Думбура”-и ин нависанда баробари повест арзиш доранд ва дар таърихи адабиёти навини тоҷик мондагор аст”, – мегӯяд Низом Қосим.

Ӯ меафзояд, ки “Саттор Турсун бозёфти устод Мирзо Турсунзод ва Убайд Раҷаб буд ва аз мактаби ин ду адиби забардаст гузашта, дар адабиёти навини тоҷик шинохта шуд. Дар наср нигоҳи тоза дошт ва ҳар чизе, ки навишт, пайванд бо ҳаёти иҷтимоӣ буд. Бо ин вуҷуд, тасвирҳои бадеии зебо дошт ва ҳама навиштаҳояш ба равони хонанда таъсиргузор боқӣ хоҳад монд”.

Низом Қосим таъкид мекунад, ки Саттор Турсун дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳам мавқеи баланд дошт ва барои таҳриру такмили асарҳои нав дар маҷаллаи “Садои Шарқ” саҳми бориз гузошт.

Рустам Ваҳҳобзода, адиб ва сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” ба ин назар аст, ки Саттор Турсун замони сардабириаш дар маҷалла ба баҳсҳои адабӣ замина гузошта, озоди ақида ва афкорро таъмин карда буд.

“Саттор Турсун барои истеъдодҳои ҷавон майдони адабӣ фароҳам овард. Замоне ки дар наср ҷараёнҳои тоза пайдо шуд ва нависандагони ҷавоне чун Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ, Сайф Раҳимзод ва Муҳаммадраҳими Сайдар дар навиштаҳояшон аз насри воқеъбинона ва баргирифта аз ҳаёти иҷтимоии ҷомеа истифода мекарданд, Саттор Турсун ба онҳо минбар дод”, – гуфт Рустам Ваҳҳобзода.

Ба қавли Рустам Ваҳҳобзода, сабк ва забони равони навиштаҳои худи Саттор Турсун ва осори таҳрирнамудаи ӯ комилан мутобиқ ба меъёрҳои забони тоҷик буд.

Ваҳҳобзода таъкид мекунад, ки нисбат ба наср ва шеваҳои нигориш Саттор Турсун назари васеъ дошт ва то охир ба мактаби воқеъбинона содиқ монд.

Ҳам Низом Қосим ва ҳам Рустам Ваҳҳобзода зикр мекунанд, ки Саттор Турсун нависандаи ошкорбаён, воқеъбин ва ҳамеша дар андешаи адабиёт буд. Ҳар чӣ мегуфт, агарчи сахт мегуфт, вале дилсӯзона мегуфт.

Ёдовар мешавем, ки Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дирӯз, 5-уми июн, аз олам чашм пӯшид. Ӯро имрӯз дар Оромгоҳи Лучоб ба хок месупоранд.

Дар бораи рӯзгору эҷодиёти Саттор Турсун аз матлаби зерини мо маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио