Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Сергей Лавров ба риояи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид кард

Бархӯрди муносиб бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик зимни гузаронидани чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ аз ҷониби мақомоти интизомии Русия аз масъалаҳои муҳиме буд, ки дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сергей Лавров, баррасӣ гардид. Дар ин бора аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар қолаби маҳдуд ва […]

Asia-Plus

Бархӯрди муносиб бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик зимни гузаронидани чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ аз ҷониби мақомоти интизомии Русия аз масъалаҳои муҳиме буд, ки дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сергей Лавров, баррасӣ гардид.

Дар ин бора аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар қолаби маҳдуд ва васеъ мулоқот карданд  ва ба масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

“Ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки зимни баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавии мақомоти давлатии Русия ҷиҳати ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷират, ҳуқуқу озодиҳои заминавии шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Русия бояд риоя гарданд”, – зикр шудааст дар мулоқот.

Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки ҷонибҳо боздоштҳову латукӯби ахири муҳоҷирони тоҷик дар Русияро муфассал баррасӣ кардаан ё не. Ҳамчунин, дақиқ нест, ки вазири корҳои хориҷии Русия бархӯрди номуносиби кормандони мақомоти интизомии кишварашро расман шарҳ додааст ё не.

Ҷонибҳо ҳамчунин, ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ муфассал баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар доираи иқдомҳо ҷиҳати тавсеаи робитаҳои башардӯстона рафти иҷрои лоиҳаву барномаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ, тандурустӣ, воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои илмӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Вазирон вобаста ба баҳогузории чолишу таҳдидҳои амниятӣ нисбат ба вазъи кунунии Афғонистон назари яксон изҳор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 5-уми июн Сергей Лавров бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон ворид шуд. Сафари вазири корҳои хориҷии Русия дар пасманзари мавҷи боздошту таъқиби муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар сурат мегирад, ки дар пайи он ҷониби Тоҷикистон нигаронии худро иброз дошта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио