Беш аз 158 ҳазор омӯзгори тоҷик дар таътили тобистона ба чӣ корҳо машғуланд?

Date:

Сар аз 1-уми июн беш аз 158 ҳазор мураббиву омӯзгори тоҷик ба таътили тобистона баромаданд ва истироҳати онҳо 56 рӯз муқаррар шудааст. Дар ин бора Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ афзуд, ҳарчанд муаллимон расман ба таътил баромаданд, аммо қисме то 20-уми июн аз муҳассилин имтиҳон қабул мекунанд.

“Баъди анҷоми аттестатсия ва имтиҳонҳои хатм, омӯзгорон на кам аз 56 рӯз ба таътили тобистона мебароянд. Онҳое, ки унвони илмӣ, собиқаи кории зиёд ва ҷоизаҳои давлатӣ доранд, аз 56 рӯз бештар истироҳат мекунанд”,-зикр кард Наврӯзи Мирзо.

Ба гуфтаи ӯ, имсол 158 ҳазору 293 нафар омӯзгор дар муассисаҳои томактабӣ, мактаб, коллеҷ ва донишгоҳҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва аз ин 126 ҳазору 354 нафар дар дар мактабҳо ва 12 ҳазору 689 нафар дар дар муассисаҳои олии кишвар фаъолият мекунанд.

Мақомот мегӯянд, омӯзгорони нисбатан фаъолро дар давраи истироҳатӣ ба истироҳати ройгон ба осоишгоҳҳои кишвар мефиристанд.

Аз ҷумла, чанде пеш Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар дод, ки наздики 250 омӯзгори макотиби Суғд давраи таътили тобистонаро 12 рӯз дар осоишгоҳ хоҳанд гузаронд. Харҷи маблағи осоишгоҳ аз ҳисоби ҳукумати Суғд пардохт мешавад.

"Он омӯзгороне, ки давоми соли таҳсил дар ҷалби бештари хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо саҳми назаррас гузоштаанд. Инчунин омӯзгорони макотибе, ки натиҷаи дохилшавии шогирдонашон ба донишгоҳҳои кишвар назаррас аст, барои истироҳат ба осоишгоҳ роҳҳат дода мешавад", – гуфта буданд масъулини Раёсати маорифи Суғд.

Масъулони Идораи маориф инро як василаи ҳавасмандии ин қишри ҷомеа медонанд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас дар макотиб машғуланд.

Пешниҳоди имтиёзҳо дар давраи таътили тобистона дар ҳолест, ки бархе омӯзгорон баъди ба итмом расидани соли хониш-май барои таъмин кардани зиндагии худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва сентябр-октябр дубора ба дарс бармегарданд.

Дар маҷмуъ, солҳост масъалаи норасоии кадрӣ дар соҳаи маориф доғ аст ва худи омӯзгорон мегӯянд, маҳз маоши паст ва ҷорӣ нагардидани имтиёзҳое ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мешавад, яке аз сабабҳои тарки соҳа карданашон мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...