Ренат Каримов: “Ба Русия лозим аст, ки бе муҳоҷирони корӣ буданро озмоиш кунад”

Лозим аст, ки дар Русия озмоиши таърихӣ гузаронида шуда, муваққатан аз ҷалби муҳоҷирони корӣ худдорӣ кунанд, то ки аҳаммияти онҳо дар иқтисод арзёбӣ шавад, изҳор доштааст раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирони корӣ Ренат Каримов зимни гуфтугӯ бо НСН. Ӯ хотиррасон намудааст, ки бе ин ҳам дар бахшҳои калидӣ муҳоҷирон намерасанд. “Ҳукумат мегӯяд, дар соҳаҳои калидӣ муҳоҷирон […]

Лозим аст, ки дар Русия озмоиши таърихӣ гузаронида шуда, муваққатан аз ҷалби муҳоҷирони корӣ худдорӣ кунанд, то ки аҳаммияти онҳо дар иқтисод арзёбӣ шавад, изҳор доштааст раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирони корӣ Ренат Каримов зимни гуфтугӯ бо НСН. Ӯ хотиррасон намудааст, ки бе ин ҳам дар бахшҳои калидӣ муҳоҷирон намерасанд.

“Ҳукумат мегӯяд, дар соҳаҳои калидӣ муҳоҷирон намерасанд. Демографҳо пешомадро начандон хушбинона арзёбӣ намуда, иқтисод захираҳои корӣ талаб мекунад. Ман гуфта метавонам, ки Русия дар сатҳи таърихии ҳадди ақалли бекорӣ қарор дорад. Ҳоло бисёр одамон омода нестанд, ки муҳоҷиронро иваз кунанд. Баъзан чунин ба назар мерасад, ки як навъ озмоиши таърихӣ гузаронидан беҳтар мебуд, зеро аз ҳар сӯ фарёд мезананд, ки "ана, муҳоҷирон хеле зиёд омадаанд" ва ғайра.

Агар ин тавр бошад, пас кӯшиш кунед, ки бе муҳоҷирон бошед. Шояд русиягиҳо дар ду ҷой кор кунанду кишвар бе муҳоҷирон ҳам буда тавонад. Ҳамеша ин тавр исботи бегуноҳ будан (сафед кардан)-и худ ғайриимкон аст. Биёед, кӯшиш мекунем, ки бе муҳоҷирон бошем. Агар натиҷа надиҳад, пас бояд ба хубӣ дарк кунем, ки муҳоҷирон аз лиҳози иқтисодӣ заруранд”, – гуфтааст мусоҳиби НСН.

Бо ин изҳорот ӯ ба гуфтаҳои роҳбари Шӯрои назди президенти Русия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар Валерий Фадеев дар ҷаласаи соҳавии Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург дар мавриди ҷорисозии квотаҳои асоснок барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ва бештар қатъӣ будан дар интихоби кормандон посух додааст.

Ӯ гуфтааст, даъвати коргароне, ки ҳатто забонро намедонанду баъдан дар Русия анклавҳо ташкил мекунанд, мувофиқи мақсад нест. Каримов аз ин пешниҳод дар хайрат мондааст.

"Барои мо як каме аҷиб аст, ки Фадеев давра ба давра ташаббусҳое ба миён мегузорад, ки вазъи коргарони хориҷиро сангинтар мекунад. Мо инро зарур намеҳисобем. Донистани забони русӣ ҳангоми додани патент санҷида мешавад. Мардум бори аввал ё дуюм ин имтиҳонро супорида, дар ҷараёни кор забондониашонро такмил медиҳанд. Чаро ногаҳон ба назари Фадеев чунин менамояд, ки ин ҷараён бояд сангинтар бошаду теъдоди муҳоҷирон кам карда шавад? Ин барои ман нофаҳмост”, – изҳор доштааст ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.