Бӯстон: Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати модаре, ки фарзандашро фурӯхтан мехост

Дилдора Холмирзоеваи 33-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба гумони даст доштан дар фурӯши фарзанди худ боздошт шуд. Дар ин бора дар барномаи ВКД “Пайки Суғд” хабар дода шуд. Гуфта мешавад, ин зан, ки муваққатан дар шаҳри Бӯстон зиндагӣ мекард, ду фарзанди хурдсол дошта, ҳозир бо кӯдаки сеюмаш ҳомиладор аст. “Ӯ мехост, ки яке аз фарзандон […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дилдора Холмирзоеваи 33-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба гумони даст доштан дар фурӯши фарзанди худ боздошт шуд. Дар ин бора дар барномаи ВКД “Пайки Суғд” хабар дода шуд.

Гуфта мешавад, ин зан, ки муваққатан дар шаҳри Бӯстон зиндагӣ мекард, ду фарзанди хурдсол дошта, ҳозир бо кӯдаки сеюмаш ҳомиладор аст.

“Ӯ мехост, ки яке аз фарзандон – духтари сесолаашро ба ивази 5 ҳазор сомонӣ фурӯшад. Муомилоти хариду фурӯш рӯзи 10 июн, дар зодрӯзи духтарча таъин шуда буд. Дар бораи ин кори Холмирзоева ба шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД вилояти Суғд хабари фаврӣ расид. Дар натиҷа ӯ рӯзи муомилот бо далели шайъӣ боздошт шуд”, – хабар медиҳад ВКД.

Худи Холмирзоева ҳангоми бозпурсӣ барои ҳифз ва бегуноҳ вонамуд кардани худ мегӯяд, ки "бо сабаби камбизоатӣ" ба ин кор даст задааст.

Нисбат ба Дилдора Холмирзоева мутобиқи моддаи 167 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Хариду фурӯши кӯдакон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин модда ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.