Ӯзбекистон ба Толибон пешниҳод кард, ки канали Қӯштеппаро якҷо бунёд кунанд

Date:

Вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев 20-уми июн дар як нишасти хабарӣ гуфт, Тошканд метавонад ба гуруҳи Толибон* дар сохтмони наҳри Қӯштеппа, ки аз дарёи Ому об мегирад, мусоидат кунад.

Нашрияи “Газета.uz” бо истинод ба суханони вазир навиштааст, ки ҳайати Ӯзбекистон 22-уми марти имсол аз шаҳри Кобул боздид карда, нигаронии Тошкандро дар робита ба сохтмони наҳри мазкур ба мақомҳои расмии Толибон расондаанд.

Ҳайати Ӯзбекистон гуфтаанд, сохтмони наҳри мазкур метавонад боиси тақвияти камобӣ дар кишварашон шавад. Толибон посух додаанд, ки барои ҳалли мушкили кишоварзони Афғонистон об лозим аст ва ин наҳр бояд сохта шавад.

Ҳамроев мегӯяд, дар сохтмони наҳри Қӯштеппа иштибоҳҳое дида мешавад ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани онҳо ба Толибон пешниҳод кардааст, ки наҳрро бо ҳам бисозанд. Ба гуфтаи вазир, ҳайати Ӯзбекистон барои гуфтугӯ дар ин замина рӯзҳои наздик дубора ба Кобул меравад.

Қаблан як намояндаи Толибон ҳам гуфта буд, ки “Афғонистон омода аст, наҳри Қӯштеппаро дар ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон созад”. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...