Тағйироти кадрӣ. Як нафар муовини вазир, ду нафар раиси ноҳия ва се нафар муовини раиси кумита таъин шуданд

Имрӯз, 26-уми июни соли 2023, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дод. Хабари тағйироти кадриро сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон интишор намуд. Ҳамин тавр, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мавсума Муинӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд озод гардид. Мавсума Муинӣ қаблан дар вазифаи муовини раиси […]

Asia-Plus

Имрӯз, 26-уми июни соли 2023, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дод. Хабари тағйироти кадриро сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон интишор намуд.

Ҳамин тавр, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мавсума Муинӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд озод гардид. Мавсума Муинӣ қаблан дар вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе низ фаъолият кардааст ва ҳоло, номзадии ӯ барои дарёфти курсӣ дар парлумон аз ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 пешниҳод шудааст.

Ба ҷойи Мавсума Муинӣ, ҳамакнун Нигорахон Ғаффорзода, ки то ин лаҳза дар вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид.

Ба ҷойи Нигорахон Ғаффорзода бошад, Фирӯза Нуруллозода бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин карда шуд.

Раҷаб Ашурзода низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод ва ба ҷойи ӯ Зуфар Исмоилзода таъин карда шуд. Дар хусуси вазифаи нави Раҷаб Ашурзода ва ҳамчунин, фаъолияти қаблии Зуфар Исмоилзода маълумот дода намешавад.

Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Ӯ то ин дам дар вазифаи сардори Раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илми Ҷуиҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард.

Ҳабибулло Амирбекзода низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Рустам Холматиён таъин карда шуд.

Зиёдулло Салимзода бошад, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Файзулло Қувваталӣ Бобоҷон директори Муассисаи давлатии қароргоҳи “Искандаркӯл”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Инчунин, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Азизӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” озод гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.