Ҳавои чангу ғубор дар Тоҷикистон боқӣ монда, дар минтақаҳо сел пешгӯӣ мешавад

Аз 30 июн то 5 июл бештар ифлосшавии ҳаво бо моддаҳои беруна дар назар аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бар асари омилҳои метеорологӣ (чангу хок) олудагии ҳаво бо моддаҳои беруна зиёдтар шуда, ҳиссачаҳо 10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5)-ро […]

Asia-Plus

Аз 30 июн то 5 июл бештар ифлосшавии ҳаво бо моддаҳои беруна дар назар аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бар асари омилҳои метеорологӣ (чангу хок) олудагии ҳаво бо моддаҳои беруна зиёдтар шуда, ҳиссачаҳо 10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5)-ро ташкил хоҳад дод.

Гуфта мешавад, аз имрӯз, 30-уми июн то 2-уми июл дар ҳудуди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хокбориш идома ёфта, рӯзҳои 3-4 июл боди шадид дар назар дошта шудааст.

Чунин шароит ба сифати обуҳавои таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки эҳтиёткор бошанд, аз ҷумла воситаҳои ҳифзи роҳҳои нафаскаширо истифода бурда, мувофиқи имкон дар ҳавои чангу ғубор аз берун баромадан худдорӣ кунанд.

Рӯзҳои 29-уми июн то 5-уми июл дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бар асари об шудани пиряхҳо омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.

Ба сурати умум, дар ВМКБ обуҳавои тағйирёбандаи бебориш, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 13-18, рӯзона 28-33 дараҷа, дар шарқи вилоят шабона 3-8 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш, ҳарорат дар водиҳо шабона 22-27, рӯзона 37-42 дараҷа, дар доманакӯҳҳо шабона 18-23 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд обуҳавои тағйирёбандаи бебориш, вале рӯзҳои 3-4 июл дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 19-24, рӯзона 35-40 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13, рӯзона 22-27 дараҷа гарм дар назар аст.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ обуҳавои тағйирёбандаи бебориш, вале рӯзҳои 3-4 июл дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 20-25, рӯзона 35-40 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17, рӯзона 29-34 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш аз аҳолӣ даъват мекунад, ки дар чунин рӯзҳо басо эҳтиёткор бошанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, кӯдаконро ба чаронидани чорво ба чарогоҳҳои доманакӯҳ нафиристанд, ҳангоми шикору моҳидорӣ эҳтиёткор бошанд.

Кӯдаконро дар назди обанборҳо беназорат нагузошта, ба онҳо хотиррасон намоянд, ки дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ накунанд, ниқоб пӯшанд ва дар биноҳо рӯбучини намнок гузаронанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио