Дар маҷлиси ҳукумат барномаи сармоягузорӣ ба соҳаи обёрии Тоҷикистон то соли 2027 баррасӣ шуд

Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29 июн Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати ҷумҳурӣ барои солҳои 2023-2027 баррасӣ шуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода зикр кард, ки Барнома ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди […]

Asia-Plus

Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29 июн Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати ҷумҳурӣ барои солҳои 2023-2027 баррасӣ шуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода зикр кард, ки Барнома ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030, Нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи оби ҶТ барои солҳои 2016-2025 ва дигар санадҳои соҳавӣ оид ба азнавсозӣ ва барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ нигаронида шудааст.

Дар он ҳамчунин тадбирҳо оид ба пешгирӣ намудани хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзии минтақаи обёрии мошинӣ, инчунин ҷорӣ намудани таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ барои сарфа кардани истифодаи нерӯи барқ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ пешбинӣ шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки Барномаи сармоягузорӣ тасдиқ гардида, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалишавии барнома ва ҷалби сармоя тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Сипас, аъзои ҳукумат лоиҳаи қарори ҳукуматро Дар бораи Нақшаи кори ҳукумати ҶТ дар нимсолаи дуюми соли 2023-ро баррасӣ карда, дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо баррасӣ ва барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол карда шуд.

Ҳамчунин дар маҷлис масъалаҳо Дар бораи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар ҶТ барои давраи то соли 2040, Дар бораи Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027 ва Дар бораи натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди  маъмурии  шаҳри  Нораки  вилояти  Хатлон  ба  ҳолати 1 январи соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми ҷаласа ба ҳукумат ва сохторҳои давлатӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиии марбут ба селу обхезӣ, захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ дастурҳо дода шуданд.

Инчунин ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба ҷамъоварии беталафи ҳосили дар саҳробуда, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар тадбирҳои бунёдкорӣ низ супоришҳо дода шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.