Маошу нафақа 20 дарсад зиёд мешавад. Кӣ чанд пул хоҳад гирифт?

Аз пагоҳ, 1-уми июли соли 2023, маоши кормандони соҳаҳои тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳои донишҷӯён ва ҳаҷми нафақаи заминавӣ 20 дарсад зиёд мешавад. Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2023 ба имзо расида буд. Дар асоси фармони мазкур – андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии […]

Asia-Plus

Аз пагоҳ, 1-уми июли соли 2023, маоши кормандони соҳаҳои тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳои донишҷӯён ва ҳаҷми нафақаи заминавӣ 20 дарсад зиёд мешавад. Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2023 ба имзо расида буд.

Дар асоси фармони мазкур

– андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, ба 440 сомонӣ баробар мешавад;

– стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ ва курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД) 20 фоиз зиёд мешавад;

– нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, ба андозаи 250 сомонӣ баробар мешавад;

– нафақаҳои суғуртавӣ ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир баробари 16 фоиз индексатсия карда мешаванд;

– нафақаҳои дигари амалкунанда 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ баробар ба 50 сомонӣ зиёд мешаванд.

Барои баланд бардоштани ҳаҷми маошу нафақа аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағҳо ҷудо мешавад.

То 20 дарсад зиёд шудани ҳаҷми маошу нафақа дар ҳолест, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 андозаи миёнаи маош дар Тоҷикистон беш аз 1700 сомонӣ буда, андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 323 сомонӣ, андозаи миёнаи нафақаи меҳнатӣ 395 сомонӣ, андозаи миёнаи нафақаи суғуртавӣ 311 сомонӣ ва андозаи миёнаи нафақаи иҷтимоӣ 213 сомониро ташкил медиҳад.

Қаблан, аз 1 марти соли 2023 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз баланд шуда буд.

Дар бораи баланд кардани маошу нафақа ва стипендия Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри соли 2022 дастур дода буд.

Маоши кам дар Тоҷикистон аз мушкилҳои асосии сокинон аст. Дар баробари баланд шудани маошу нафақа, нархи маҳсулот низ дар бозорҳо ба таври автоматӣ баланд мешавад. Ин аст, ки сокинон афзоиши ҳаҷми маошу нафақаро индексатсияи нархҳо медонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.