“Гурезед, ки дар дасташ корд дорад…” Як ҷавон барои қатли ноболиғ 17,5 сол равонаи зиндон шуд

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 29-уми июни соли равон як ҷавонро барои авбошӣ ва одамкушӣ 17 солу 6 моҳ равонаи зиндон кард. Дар ин бора додгоҳи пойтахт хабар додааст. Манбаъ аз ин ҷавон Валиҷон Шеров ном бурда, гуфтааст, баҳси ӯ бо як ҷавони дигар, ки аз он ном бурда намешавад, бар сари як духтар оғоз ёфта, […]

Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 29-уми июни соли равон як ҷавонро барои авбошӣ ва одамкушӣ 17 солу 6 моҳ равонаи зиндон кард. Дар ин бора додгоҳи пойтахт хабар додааст.

Манбаъ аз ин ҷавон Валиҷон Шеров ном бурда, гуфтааст, баҳси ӯ бо як ҷавони дигар, ки аз он ном бурда намешавад, бар сари як духтар оғоз ёфта, ниҳоят ба кордкашӣ ва хунрезӣ расид.

Ҳодиса дар кӯчаи Н.Махсум 10/2-и шаҳри Душанбе (дар наздикии маркази савдои “Сомон”) рӯзи 2-юми феврали соли равон, баъди суҳбати як ҷавони дигар бо дӯстдоштаи Валиҷон Шеров сар зада, дуввуи он ҷавонро ба “разбор” даъват кардааст.

Манбаъ менависад, ҳарду иштирокчиёни муноқиша бо рафиқонашон ба ҷои таъиншуда меоянд ва “дар аснои суҳбат онҳо бо ҳам ба созиш омада, бо якдигар даст дода, муросо намуданд”.

Вале дар ҳамин лаҳза як нобилиғ, ки ҳамроҳи ҷониби дигар омада буд, “маҳкумшуда Шеров В.А-ро ба назди худ даъват намуда, бе асос як мушт ба қисмати рӯйи охирин зада, муноқиша ба миён овард”.

Дар ҳамин лаҳза, дигарон низ ба муноқиша ҳамроҳ мешаванд ва “Шеров В.А. аз ҷайбаш корди бо худ доштаро бароварда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани ноболиғ Ҳ.И. ба узвҳои ҳаётан, махсусан, муҳими бадани ноболиғ Ҳ.И. (ба қисмати шикамаш) як зарба зад. Ин ҳолатро ноболиғ Ҳ.И. дида, бо овози баланд гуфт, ки “гурезен, ки дар дасташ корд дорад, рўдаҳоям баромад”.

Дар идома Валиҷон Шеров ҳангоми гурехтани ноболиғ Ҳ.И. ду маротибаи дигар ба қисмати пушти баданаш ва бо илова “боз шаҳрванд А.А.-ро бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба қисмати болои оринҷи дасти чапаш зада, охиринро захмӣ намуд”.

Ҳамин тариқ, дар натиҷа А.А. ноболиғ Ҳ.И. ҳангоми дастрас кардан ба беморхонаи “Шифобахш” дар роҳ ба ҳалокат мерасад.

Валиҷон Шеров барои одамкушӣ ва авбошӣ (моддаҳои 104 қисми 2, бандҳои “в” ва “к” ва моддаи 237 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) гунаҳкор дониста шуда, бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе 17,5 сол равонаи зиндон гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.